Журналист Санҷар Ҳошимӣ 15 октябри соли 1990 дар деҳаи Рукнободи шаҳри Панҷекат чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.
Ӯ маълумоти ибтидоиро дар мактаби миёнаи №35 ба номи Бозор Шарифови ҳамин деҳа гирифта, пас аз хатми мактаб барои идомаи таҳсил озими...
2400 доллар пора барои дохил кардан ба Коллеҷи тиббӣ
Интишор шуд: 1 июля, 2016 - 08:40

Ду корманди тиб дар вилояти Хатлон бо иттиҳоми гирифтани пора дастгир шудаанд.
Маркази матбуоти Агентии зидди фасод мегӯяд, корманди Маркази назорати давлатии санитарию эпидимиологии ноҳияи Восеъ, Холматов Абдурасул бо маслиҳати пешакӣ бо корманди Беморхонаи марказии ноҳияи Восеъ, Валиев Иброҳим ба боварии шаҳрванд «М» даромада, барои дохил намудан ба Коллеҷи тиббии ноҳияи Восеъ дар ду ҳолат аз шаҳрванд «М» маблағи 2100 доллари амрикоиро бо роҳи қаллобӣ гирифта, ягон амалро иҷро накарда, боз талаби маблағи 300 доллари амрикоиро доранд.
Валиев Иброҳим баъди аз шаҳрванд «М» гирифтани маблағи 300 доллари амрикоӣ дар ҳудуди Беморхонаи марказии ноҳияи Восеъ дастгир карда шуда, аз ӯ маблағи 300 доллари амрикоӣ ҳамчун далели шайъи ёфта гирифта шуд.
Оиди ҳолати мазкур нисбати Холматов А. ва Валиев И. бо моддаи 247 қисми 4 банди «б» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Шояд шумо суол ё назаре доред?