36 кишвари дунё, аз ҷумла Афғонистон беш аз $31 млн ба Тоҷикистон кӯмак кардаанд

Дар 9 моҳи соли равон Тоҷикистон аз 36 кишвари дунё, аз ҷумла аз Афғонистон кӯмаки башардӯстона гирифтааст.

Бино ба маълумоти Агентии омор, кӯмаки башардӯстонаи кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон 31 миллиону 510,6 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил додааст. Он дар ҳаҷми ҳудуди 16 ҳазор тоннаро маҳсулотро ташкил додааст, ки ба он маҳсулоти ғизоӣ, лавозимоти тиббӣ, либос ва амсоли ин шомил мебошад.

Беш аз ҳама ба Тоҷикистон аз Олмон кӯмаки башардӯстона расидааст, 27,5% аз ҳаҷми умумии ин кӯмакҳо дар 9 моҳи соли равон мебошанд. Баъди Олмон Ҳоланд – 10,8%, Русия – 9,8%, Чин – 8,6:, ИМА – 6,8%, Дания – 6,7%, Аморати муттаҳидаи Араб – 5,7%, Австралия – 3,3%, Афғонистон – 3,1% ва дигарҳо мебошанд.

Copyright @2015 TojNews    

Назарҳо

Пас Кучо шуд инхама кумакхо? дар чебаки ки даромад?
Agar Afgonistoni kashok ba mo kumak karda boshad, pas rui mo sip sijoh ...
Ки Афгонистонро кашок мегуяд? Дар Афгонистон демократия хаст ва ин онхоро зуд абаркудрат мекунад. Холо бо хама нотенчихояш дида аз мо гузаштаанд. Моем кашок ва аз дасти карзу банкхои беинсоф бе кафан монда. Пули чамкардаи мардум барои Рогун кучо рафт ин кумакхо низ ончо.

Шояд шумо суол ё назаре доред?