Акс: Намоиши муди либосҳои исломӣ дар Маскав

Дар шаҳри Маскави Русия намоишгоҳи либосҳои мусалмонӣ баргузор шуд, ки дар он намояндагони чандин кишвари дунё ширкат кардаанд.
Ин намоишгоҳ ҳафтаи гузашта дар ҳошияи намоишгоҳи маҳсулоти “Ҳалол” баргузор шудааст. Дар ин намоишгоҳ намояндагони кишварҳои зиёде, аз ҷумла кишварҳои ҳошия Халиҷи форс ширкат карданд.
Маскав қасд дорад, ки бо баргузории чунин намоишгоҳҳо сафи сармоягузорони кишварҳои исломиро ба ин кишвар афзоиш дода, роҳе барои баромадан аз буҳрони иқтисодӣ шавад. Тибқи оморҳои расмӣ теъдоди мусалмонон дар Русия ҳудуди 7% аҳолиро дар бар мегирад, ки 20.5 миллион нафарро ташкил медиҳанд.
Copyright @2015 TojNews
Назарҳо
Шояд шумо суол ё назаре доред?