Аксҳо аз ҷойи ҳодиса. Тафсилоти садамаи маргбори писари Давлаталӣ Саид

М.Х.,Фаромуз Саидов ва марҳум Ҳилола Раҳимова

Дар мошини писари писари Давлаталӣ Саид, ноиби Сарвазири Тоҷикистон, ки ахиран дар пайи як садамаи маргбор дар Душанбе муҷиби ҳалокати ду нафар, аз ҷумла духтараки 25-сола шуд, чор нафар савор буданд.

Онҳо пеш аз ҳодиса дар клуби шабонаи “Диско”, воқеъ Кохи Наврӯз будаанд ва пас аз як хархаша аз он берун шуданд. Садама вақте рух додааст, ки “Тойота Кемрии” Фаромуз Саидов бо суръати хеле баланд дар хиёбони Исмоили Сомонӣ ба сӯӣ “Кохи Наврӯз” бармегашт.

Сабукрав бо суръати баланд ба мошини калони хадамоти коммуналии шаҳрдории Душанбе бархӯрдааст, ки ба ҷамъугири ороишоти ҷашнӣ дар ин хиёбон машғул буд.

Марҳум Ҳилола Раҳимоваи 25-сола, сокини шаҳри Душанбе яке аз мусофирони мошини Фаромуз Саидов буд, ки дар ҷойи ҳодиса ҷон бохтааст.

Рустам Сатторов, нафари дуюми ҳалокшуда дар ин садама корманди шаҳрдории Душанбе будааст, ки аз кобини мошинаш берун шуда буд.

Дар пайи ин садама ҳамчунин Фаромӯз Саидов ва боз як нафар, ки шахсияташ зикр намешавад ҷароҳати сахт бардошта, дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Писари 23-солаи Муовини аввали сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид аз ҳамсари собиқаш – Фаромуз Саидов, хатмкардаи Мактаби байналмилалии Тоҷикистон ва донишҷӯйи Донишгоҳи канадагии Дубайи Амороти муттаҳидаи араб мебошад.

Ёдрас мекунем, садамаи маргбор шаби 10-уми сентябр дар хиёбони ба номи Исмоили Сомонӣ рух дод.

Мақомот иттилои ғайрирасмиро дар бораи он ки писари ноиби сарвазир дар ҳолати мастӣ қарор доштааст, рад ё тасдиқ намекунанд.

 Ҳилола Раҳимова

АКСҲО АЗ ҶОЙИ ҲОДИСА

 

Назарҳо

Ин духтари 25 сола магар ягон сохиб надорад ки соати 2 шаб дар клуби шабона буд?
А вам какое дело,что она там делала в такое время?
барои чи диско клуби кохи навруз то соати 4 шаб кор мекунад дар холате ки тибки конун хамаи диско клубхои шахри душанбе набояд аз соати 00:00 кор кунад?
хукумат чи мегуяд метарсам ,ки боз мошини рохрубро гунахгор накунанд

Шояд шумо суол ё назаре доред?