“Аз Наврӯз то Наврӯз”: Чеҳраҳои сол аз “Нигоҳ”

Чун анъанаи солиёни пеш ҳафтаномаи “Нигоҳ” дар арафаи Наврӯз чеҳраҳои солро муаррифӣ кард.

Ин бор интихоби чеҳраҳо бо ширкати 50 тан аз кормандони ниҳодҳои давлативу хусусӣ, адибон, рӯзноманигорон аз ҳар гӯшаву канори кишвар ва ҳатто хориҷ аз он сурат гирифт.

Дар бахши “Сиёсатмадори сол” аксари ширкаткунандагон ба Эмомалӣ Раҳмон райъ додаанд, чун бино ба хулосаи онҳо Эмомалӣ Раҳмон дар як соли охир тавонист ба пуррагӣ нерӯмандтарин оппозитсияи даруниро шикаст диҳад ва оппозитсияи бурунаро, ки ба тозагӣ сар баланд мекард, низ хунсо намояд ва нагзорад, ки онҳо ба ҳам оянд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев “Мансабдори сол” эълон шудааст. Ва барои ин ҳамагон ба се нуктаи муҳим таваҷҷуҳ кардаанд, ки яке он ки вай мансабдори бавиҷдон аст, дуюм дар миёни ҷомеа аз эҳтироми хоса бархӯрдор аст ва сеюм ташаббускор аст.

“Нигоҳ” имсол иқтисодчии солро натавонист муайян кунад, чун ба бовари аксари коршиносон ҳатто Ҳоҷимуҳаммад Умаров бо пешгӯиҳояш дар мавриди беқурбшавии пули миллӣ ва Лутфулло Сайидмуродов барои таҳияи барномаи зиддибуҳронӣ баҳои аксариятро соҳиб нашуданд.  Аз ин рӯ ғолиби “Иқтисодчии сол” имсол эълон нагардид.

Муродалӣ Алимардон “Бонкдори сол” ва Гулбаҳор Маҳкамова “Соҳибкори сол” эълон шуданд.

Ин бор аксари ширкаткунандагони пурсиш Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзодаро “Руҳонии сол” гуфтаанд. Ин дар ҳолест, ки садои ин руҳонии маъруф зарфи ин як сол аслан шунидан намешуд, масҷиди маъруфи хонадон баста ва сомонаи Оли Тӯраҷон ҳам дигар фаъол нест.

Светлана Герасименко барои  ковишгари Розетта, ки ба ситораи думдори Чурюмова-Герасименко нишаст ва чанд пайёми илмӣ ирсол кард, аз ҷониби таҳлилагрони “Нигоҳ” “Олими сол” эълом гардид ва Мирзонабӣ Холиқзод “Журналисти сол”.  Дар мавриди Мирзонабӣ аксаран бар ин натиҷа расиданд, ки манбаъҳои хабарии ӯ “Озодӣ”-ро ҳамоно ба расонаи таъсиргузору фазосози муҳити сиёсӣ-иттилоотии Тоҷикистон нигоҳ доштааст.

“Адвокати сол” эълон шудани Бузургмеҳр Ёров пешгӯишаванда буд, чун пусарусодотарин ва хабарсозтарин чеҳраи соли гузашта маҳз ӯ буд. Ба ҳадде ки созмонҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқ ба дифоъ аз ӯ бархостанд. Вале "Оппозитсияи сол” Шабнам Худойдодова, узви боздоштшудаву раҳошудаи Гуруҳи-24 эълон шуд.

Дар варзиш Дилшод Назаров, ки соли сипаришавандаи шамсӣ натиҷаҳои беҳтарин дошт, “Варзишгари сол” ва Мирзошариф Ҷалолов, сафири Тоҷикистон дар Ҳинд  “Дипломати сол” эълон шуд.

Дар муҳити адабиву ҳунарӣ Исфандиёри Назар “Адиби сол”, Қурбони Собир “Ҳунарманди сол”, Ҷонибек Муродов “Сарояндаи сол” ва Барзу Абдураззоқов ва Муҳиддини Музаффар “коргардони сол” дар театр ва синамо эълон шудаанд.

Имсол номинатсияи “Милисаи сол” ба Фирӯз Раҳматов тааллуқ гирифтааст.  Вай як зани 38-соларо, ки қасди худкушӣ дошт, аз марг наҷот дод.

Ва аммо ҷоизаи махсус “Ифтихори ҷомеаи шаҳрвандӣ” насиби ҳуқуқшиноси маъруф Файзиниссо Воҳидова шудааст.  Зеро маҳз ӯ дар бастагӣ бо масоили рӯзмарра нотарсида мавқеъи худро эълон кард ва ҳамеша парвандаҳоеро зери ҳимоя мегирад, ки дигарон ҷуръат намекунанд.

Чеҳраҳои сол дар шумораи тозаи “Нигоҳ”, ки ҳоло дар фурӯш аст, чоп шуда ва шумо метаовнед муфассал бо фаъолияти ҳар кадоми онҳо ва сабабҳои чун чеҳра муаррифӣ шудани эшонро бихонед.

Зимнан, солшумории ҳафтаномаи “Нигоҳ” бо солшумории аҷдодии шамсӣ сурат мегирад. Шумораи №1 на дар соли мелодӣ, балки дар оғози фарвардин ба нашр мерасад. Ҳафтанома аз як соли фаъолияташро қабл аз Наврӯз натиҷагирӣ мекунад.

Copyright @2016 TojNews

Назарҳо

go to the hill m fucckers

Шояд шумо суол ё назаре доред?