Барканории роҳбарони бозори "Шоҳмансур" ва Боғи ҳайвонот

Директорони “Боғи ҳайвонот” ва бозори “Шоҳмансур” аз вазифа барканор шуданд.

Дар пайи моҷаро дар Боғи ҳайвоноти пойтахт ва ғайб задани сабзӣ дар бозори "Шоҳмансур" шаҳрдори Душанбе Маҳмадсайид Убайдуллоев роҳбарон Қурбон Одинаев ва Бахтиёр Лақаевро аз вазифа барканор кард.

Дар ҷаласаи имрӯзи шаҳрдорӣ раиси шаҳр ин моҷароро ҷиддӣ гирифтааст ва директори Боғи ҳайвонотро барои танзими фаъолияти нокифояи ин тамошогоҳ аз вазифа барканор кардааст. Ҳамчунин ӯ фаъолияти бозорҳои пойтахт дар моҳи Рамазон мавриди баррасӣ қарор дода, фаъолияти онҳоро дар боби таъмини аҳолӣ бо молҳои ниёзи аввалия ва назорати нархҳо ғайриқаноатбахш хондааст .

Дар ин росто директори бозори “Шоҳмансур” Бахтиёр Лақаев аз вазифааш сабукдӯш шудааст.

Маврид ба зикр аст, ки нимаи дуюми моҳи июн сару садоҳо дар бораи ҳалокати як шер ва як хирс дар Боғи ҳайвонот баланд шуду ва маъмурияти боғ мегуфтанд бар асари рафтори хунукназаронаи кормандашон ин ду ҳайвон ба ҳам даруфтодаву нобуд шудаанд.

Ҳамчунин дар ҷаласаи рӯзи душанбеи шаҳрдорӣ масъалаҳои таъминоти аҳолӣ бо оби ошомиданӣ, хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ, нигоҳ доштани дарахту сабзазорони шаҳр аз гармӣ, ҳолати зиддисӯхтории бинову иншоот ва дар ҳолати хуби корӣ нигоҳ доштани каналу селпартоҳо баррасӣ шудааст.

Шояд шумо суол ё назаре доред?