Барқарор кардани "бокирагӣ" дар Исфара бар ивази 3 ҳазор сомонӣ

Як духтури занҳо дар шаҳри Исфара бо гирифтани маблағ бакорати духтаронро барқарор мекардааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ин духтур 61 сол дошта, “бо роҳи тамаъҷӯи аз зани 20-солаи сокини шаҳри Исфара барои барқарор намудани пардаи бокирагиаш маблағи 3000-сомонӣ “мукофотпулӣ” гирифтааст”.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ному насаби ин духтурро ифшо накардааст. Ҳоло ӯ дар боздоштгоҳ қарор дошта, нисбат ба ин амалаш парванда боз шудааст.
Ин духтури 61-сола дар ҳоле боздошт мешавад, ки қонунгузории кишвар барои баркарор кардани пардаи бакорат танҳо дар ҳолати садама гирифтани он иҷозат медиҳад.
Copyright © 2015 TojNews
Назарҳо
Шояд шумо суол ё назаре доред?