Бемористони навбунёди “Пойтахт 90” аз пардохти боҷи гумрукӣ озод шуд

Тарҳи бемористони "Пойтахт 90" воқеъ дар маҳаллаи 46-уми Душанбе

Вакилони Маҷлиси намояндагон барои ҳарчи зудтар ба истифода додани бемористони шаҳрии “Пойтахт 90” онро аз супурдани боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда озод карданд.

Ба ин манзур 9-уми октябр дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон вакилон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015” тағйиру иловаҳо ворид карданд.

Муовини якуми вазири молия Ҷамшед Каримзода ва Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон Шариф Раҳимзода дар назди вакилон гуфтаанд, лоиҳаи Қонун бо мақсади ҳарчи зудтар мавриди истифодаи сокинони пойтахт ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ қарор додани Маҷмааи тандурустӣ “Пойтахт-90”, ки аз 38 иншоот иборат буда, дорои 650 кат ва дармонгоҳ барои қабули 800 нафар дар як баст мебошад, таҳия гардидааст.

Дар лоиҳаи Қонуни зикргардида пешниҳод карда мешавад, ки  воридоти 90 номгӯйи таҷҳизот, дастгоҳ ва дигар лавозимоти зарурӣ барои муҷаҳҳазгардонии иншоотҳои Маҷмаа аз боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда озод карда шавад.

Маҷмааи мазкур дар асоси Қарори раиси шаҳри Душанбе аз 4-уми марти соли 2011 сохта мешавад. Корҳои сохтмонии он соли 2013 оғоз гардида, бояд дар ҷашни 90-солагии Душанбе ба истифода дода мешуд.

Copyright @2015 TojNews    

Назарҳо

Ба хар сурат боз як бемористони пулаки зиёд шуд.

Шояд шумо суол ё назаре доред?