Бетағйир мондани ҳукми Бурҳон Абдуллоев

Суди олии Тоҷикистон ҳукми Бурҳон Абдуллоев, раиси бозори “Ином”-и Шаҳритусро бетағйир боқӣ гузошт.

Бино ба иттилои Раҳматилло Зойиров, вакили дифои Бурҳон Абдуллоев, намояндаи Суди олӣ дар Суди вилояти Хатлон ҳукми раиси бозори «Ином»-ро бетағйир гузошта, инчунин ширкат накардани Муҳибулло Саъдуллоевро дар мурофиа дуруст шуморид.

Намояндаи Суди олӣ гуфтааст, ҳамаи масъалаҳо ҳалли худро ёфтаанд, аз ин рӯз ниёз ба иштироки Муҳибулло Саъдуллоев, додарарӯси Президент нест.

30-юми апрели соли равон Бурҳон Абдуллоев, раҳбари бозори “Ином”-и Шаҳритус, ки бо Муҳибулло Саъдуллоев, додарарӯси президент барои тақсими бозор баҳс доштанд, бо ҳукми Суди вилояти Хатлон се сол ҳабс шуда буд.

Бурҳон Абдуллоев, ки бо Муҳибулло Саъдуллоев, додарарӯси Президент Эмомалӣ Раҳмон барои тақсими бозори “Ином” баҳс доштанд, 19-уми декабри соли гузашта бо иттиҳоми қасди сӯзондани бозор дастгир шуд. Ӯро мақомот дар назди Суди олии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе боздошт карда, ба шаҳри Қурғонтеппа интиқол доданд. Аз 22-юми декабри соли гузашта бо қарори суд дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. 

Мақомот ӯро бо он муттаҳам мекунанд, ки қасд дошт, бо роҳи сӯзондан амволи шаҳрвадонро вайрон кунад. Аммо ин иттиҳомро наздикони ӯ ҳамеша рад мекунанд.

Copyright @2015 TojNews

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?