Боздошти 22 ҷонибдори “Давлати исломӣ” дар вилояти Хатлон

14 ҷавонро дар шаҳри Норак бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо гурӯҳи мавсум ба “Давлати исломӣ” ва барафшон кардани парчами сиёҳи ин гурӯҳ дар маркази Норак боздошт кардаанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД, нафарони боздоштшуда 21 то 37-сола буда, баъзеашон узвияти ҲНИТ-ро низ доштаанд, - мегӯянд дар ВКД.

Ин нафарон тавассути Интернет бо як ҷангии тоҷик, ки дар сафи гурӯҳи “Давлати исломӣ” бо номи Юнус меҷангад, шинос шудаанд. Барои нишон додани садоқаташон парчами сиёҳро дар шаҳри Норак парафшон кардаанд.

Дар наворе, ки Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шабакаҳои телевиони давлатӣ намоиш дод, яке аз боздоштшудаҳо бо номи Давлиё Саидов мегӯяд, ки маҳз ӯ матои сиёҳ ва ранги сафедро харидааст. Ӯро ба ин кор Юнус раҳнамоӣ кардааст. Дар ин навор мегӯяд, ки аз кардааш пушаймон мебошад.

Қаблан, низ хабарҳо дар бораи насби парчами “Давлати исломӣ” дар ноҳияи Шаҳритус низ расонаӣ шуда буд. Масъулини ВКД дар шарҳи ин хабар мегӯянд, ки дар робита ба ин қазия 8 сокини маҳаллиро боздошт кардаанд, ки муттаҳами аслӣ Маҳмадалӣ Абдуллоеви 15-сола мебошад. Ҳоло дар пайгард қарор дорад. Дар навори ВКД гуфта мешавад, ки ҷавонони боздоштшуда аз Шаҳритусро нафаре бо номи Абӯсаид, ки аз пайравони ҷангии “Давлати исломӣ” ба ин гурӯҳи террористӣ ба воситаи Вотсапп ҷалб кардааст.

Ҳатто ин нафарон мегӯянд, ки раҳбаронашон як фидоиеро меҷӯстанд, ки бояд шӯъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳияи Шаҳритусро тарконад.

Copyright © 2015 TojNews

Назарҳо

Дуруг нагуед хечкадоми инхо аьзои хнит нест, инхоро кариб якхафта боздошт саркуб ва латтукуб карданд ду се нафарашонро гуфтанд ки бигуед ки аьзои хнит хастед гунохатон сабук мешавад бо ин рох мехоханд обруи хнит ро баранд ва катьи фаьолияти хнитро сабабнок нишон диханд, лекин ин тирашон ба хок мехурад чунки инхо як руз ба озоди мебароянд ва вокеиятро мардум мефахмад.
Онхо таксичихои Кулоб Душанбе нестан аки милеса росташа бугу
Ин корхо хамааш барои бадном кардани ХНИТ аст

Шояд шумо суол ё назаре доред?