Боздошти сохтмончии №1-и шаҳрдории Душанбе

Тарҳи бузургтарин бемористон воқеъ дар маҳаллаи 46-уми пойтахт

Барои роҳ додан ба омилҳои коррупсионӣ дар бунёди шифохонаи шаҳрии “Пойтахт 90” сардори Раёсати сохтмонҳои асосии шаҳри Душанбе боздошт шудааст.

Бино ба иттилои як манбаъ дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Саидашраф Анваров, раҳбари Муассисаи давлатии “Раёсати сохтмони асосӣ”-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҳоло дар боздоштгоҳ қарор дорад. Кашолкорӣ барои ба истифода додани бузургтарин бемористон дар шаҳри Душанбе яке аз омилҳои оғози тафтиш дар ин иншоот шудааст. Ин манбаъ аз шарҳи ҷузъиёти қазия худдорӣ кард.

Дар шаҳрдории Душанбе тасдиқ карданд, ки барои роҳ додан ба камбудиҳо Саидашраф Анваров боздошт шудааст. Аммо масъули соҳа дар шаҳрдорӣ Ашӯрбек Расулов, муовини якуми раиси шаҳри Душанбе дар ин бора суҳбат кардан нахост.

Шифохонаи бузургтарини Душанбе дар майдони 11 гектар дар шафати маркази ҷумҳуриявии ташхиси бемориҳо дар хиёбони Неъмат Қаробоев, дар маҳаллаи 46-уми пойтахт бунёд мешавад. Ҳоло тамоми биноҳои асосии он бунёд шудааст.

Корҳои сохтмонӣ дар маҷмааи мазкур ҳанӯз дар оғози соли 2013 шурӯъ шуда буд. Интизор мерафт, ки ба муносибати таҷлили 90-солагии Душанбе дар интиҳои соли 2014 ба истифода дода шавад. Қаблан, мегуфтанд, ки шифохона ба маблағи 400 миллион сомонӣ бунёд карда мешавад.

Маҷмааи тандурустӣ “Пойтахт-90” аз 38 иншоот иборат буда, дорои 650 кат ва дармонгоҳ барои қабули 800 нафар дар як баст пешбинӣ мешавад.

Моҳи октябри соли равон вакилони Маҷлиси намояндагон барои ҳарчи зудтар ба истифода додани ин бемористон онро аз супурдани боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда озод карданд. Воридоти 90 номгӯйи таҷҳизот, дастгоҳ ва дигар лавозимоти зарурӣ барои муҷаҳҳазгардонии иншоотҳои Маҷмаа аз боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда озод карда шуд.

Дар назар аст, ки баъди ба истифода қарор гирифтани бемористон мазкур беш аз 2 ҳазор нафар кормандони соҳаи тандурустӣ ба кор фаро гирифта шаванд.

Copyright © 2015 TojNews

Назарҳо

Вақте лоихаи ин беморхона ва маблағи сохтмони он аз чониби хукумат пешниход шуда буд, он замон хама сарфу харчаш дар лоиха зикр гардида буд. Аммо қисме аз ин пулхо дар нимарох ғорат шуданд, шахрдори душанбе аз чунин ғоратгарихо огох аст... дар парлумон хам инро медонистанд, лекин чун проекти шахрдори буд, хама дар лаб кулух молида, аз тарс ин дафъа худи вакилон низ дар ғорат кардани бучаи чумхури дар ин лоиха хамрох шуданд.
Барои кашолкори бурда махкам мекунанд? Сабаби кашолкори ин пули сохтмонро дуздиданд аст. Саидашраф Анваров вазифааш он кадар баланд нест, яъне кудрати пулхои ин гуна проектхои калонро дуздидан надорад зеро назорат сахт мебошад. Он шахсоне ки назорат мекарданд бояд аз тарафи "Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия" дастгир карда шаванд зеро ин обу руи давлат аст. Ба кормандони "Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия" аз сидки дил ташакур мегуем ки чунин корхоро ошкор мекунанд ва боварии комил дорам Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия шахсони чинояткоро дастгир мекунад. Барори кор "Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия"
Ин шахри тангба хамин хел лоихаи калон чи лозим буд??? Намешуд пули инба дар чор райони пойтахт 4 беморхонаву 10-15 поликлиника месохтанд???
Оё медонед, ки деворхои ин биноро канда тачхизот дароварда истодаанд???
Ба агенти назорати давлатии молияви ва мубориза бо коррупсия, аз сардори УКС дида ёрдамчии Раис дар коррупсия огушта мебошад. се-чор сол мешавад мо бар ивази заминамон, ки аз тарафи Хукумати шахр тасаруф шудааст замин гирифта наметавонем, даххо маротиба аз тарафи Архитектура ва Кумитаи замин Карор тахия меёбад, аммо бо сабаби конеъ нагардидани талаботхои порахури карори мо барои имзо ба Раиси шахр намерасад. Аз барои савоб пеши рохи ин бадбахтро гиред, ки мушкилоти хазорхо сохибкорон хали худро ёбад.

Шояд шумо суол ё назаре доред?