Ҷоизаи махсуси Президент барои ғолибони мусобиқоти байналмилалӣ

Президент Эмомалӣ Раҳмон барои варзишгарони тоҷик, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ғолиб меоянд, ҷоизаи махсус таъсис дод.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президент, 9-уми январ Фармони Президент Дар бораи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ содир шуд.

Тибқи ин фармон маблағгузории Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ аз ҳисоби маблағҳои Фонди захиравии Президент амалӣ карда мешавад.

Ҳукумати Тоҷикистон муваззаф гардидааст, ки дар давоми 2 моҳ Низомнома ва ҳайати Комиссияи мукофотпулиҳои Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзиширо таҳия ва тасдиқ намояд.

Маврид ба зикр аст, ки тибқи маълумоти расмӣ, дар соли 2014  варзишгарони дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба намудҳои мухталифи варзиш дар 90 чемпионати ҷаҳон, Осиё, Ҷоми ҷаҳон “Гран При” ва мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат варзида, 897 медал, аз ҷумла 250 тилло, 243 нуқра ва 404 биринҷӣ ба даст овардаанд. Ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба намудҳои мухталифи варзиш 1510 варзишгар шомил мешавад.

Copyright © 2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?