Ҷумъабой Сангинов: "Нигоҳ доштани нафс барои мансабдор хеле муҳим аст"

Ҷумъабой Сангинов аз вазифаи муовини аввали раиси вилояти Суғд барканор карда шуд.

Дар тасдиқи ин хабар Музаффар Юнусов, сухангӯи ҳукумати вилояти Суғд гуфт, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта Ҷумъабой Сангинов бино ба сабаби ба нафақа рафтан, аз вазифа барканор шудаанд. То ҳол дақиқ нест, ки ба ҷои ӯ кӣ таъин шудааст.

Ҷумъабой Сангинов аз 7-уми январи соли 2011 инҷониб дар вазифаи муовини аввали раиси вилояти Суғд кор мекард. Аз мансабдороне, ки ҳамеша барои расонаҳо ва ҷомеа дастрас буд.  22-юми феврали соли равон ба синни нафақа расидааст. Ӯ дар вазъияти ҳассоси марзӣ дар миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар охири соли 2013 ва аввали соли 2014 яке аз шахсони муҳимми музокиракунанда буд. Хабаргузории TojNews дар нахустин мусоҳиба баъд аз ба нафақа баромадан аз Ҷумъабой Сангинов суол кард, ки барканориашро чи гуна қабул кард?

Ҷумъабой Сангинов: - Як воқеияти  зиндагии мо. Ягон чизи ғайримуқаррарӣ нест, ҳама чиз аввалу охир дорад. Муддати муайян фаъолият карда, ба синну соли нафақа расидем ва ин чиз тибқи таҷрибаву қонун муайян шудагӣ ҳаст. Ҳарчӣ аст, ман барканориамро ҳамчун як воқеияти зиндагӣ қабул кардам.

TojNews: -  Чанд сол дар корҳои роҳбарӣ фаъолият доштед?

Ҷумъабой Сангинов: - То соли 1985 ба ҳайси ҷарроҳ фаъолият доштам. Аз соли 1985 ба ҳайси роҳбарияти сохторҳои гуногуни Вазорати тандурустӣ, муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, Донишгоҳи тиббӣ кор кардаам. 11 сол дар парламенти Тоҷикистон 3 навбат интихоб шуда, фаъолият кардем. Тӯли 4 соли ахир ба ҳайси муовини аввали раиси вилояти Суғд фаъолият доштам. Парламент барои ман як мактаби хеле бузурги сиёсату ҷомеашиносӣ буд.

TojNews: - Ҳасостарин лаҳзаи фаъолияти шумо дар тӯли 4 соли фаъолият ба ҳайси муовини аввали раиси вилояти Суғд кадом лаҳза буд?

Ҷумъабой Сангинов: - Аз нигоҳи он ки мо дар ҷараёни тақвияти пояҳои давлатдорӣ қарор дорем, касе дар вазифаи пурмасъули давлатӣ фаъолият мекунад барои ӯ ҳама давраи фаъолият давраи ҳассос аст. Лекин агар аз нигоҳи қиёсӣ бошад, аз моҳи декабри соли 2013 то моҳи апрели соли 2014 ҳассостарин лаҳзаи фаъолияти ман буд. Замоне, ки мо ҳамчун масъули масъалаҳои тартиботи ҷамъиятию қудратӣ дар ҷараёни бартараф кардани шиддати муносибатҳо бо Ҷумҳурии Қирғизистон қарор доштем.  Ҳассостарин давра ҳамон давра буд.

TojNews: - Дар тӯли солҳои фаъолиятатон ягон коре буд, ки барои иҷрои он дастатон нарасид ва ҳоло аз он изҳори пушаймонӣ мекунед?

Ҷумъабой Сангинов:  Ҳатман, ҳар як шахси масъул дар роҳрави фаъолияти корӣ бо сабабҳои гуногун аз вазифа меравад. Албатта. ҳар шахси масъул нақшаҳое дорад, ки имконияти анҷом додани онҳоро аз даст дод. Лекин бо он таҷрибаи корие, ки аз фаъолият дар сохторҳои гуногуни марказӣ ва парламент гирифта будам, масъалаҳои пайдошударо дар доираи салоҳияти худ иҷро мекардам. Мушкилоти ҷиддӣ эҳсос намекардем. Мушкилот ҳамавақт дар инсон, дар масъулият аст.

TojNews: - Фаъолиятатон дар вақти низоъҳои марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистонро ҳасостарини давраи фаъолияти худ унвон кардед. Дар ин давра шумо яке аз шахсони калидӣ будед. Ҳоло шумо дигар шахси мансабдор нестед ва ин шиддати ин низоъҳо ҳам поин омад. Бо рафтани шумо оё метавон гуфт, ки ин кор дигар ҳал шудаасту ниёз ба шумо нест?

Ҷумъабой Сангинов: - Ман нақши калидӣ доштани худро ҳеҷ вақт таъкид ҳам накардаам, эҳсос ҳам намекунам. Мо дар доираи фаъолияти худ корбарӣ кардем. Шиддат ки бартараф шуд, имрӯз ҷараёни муътадили гуфтушуниди тарафҳо давом дорад. Аз ин рӯ, бовар дорам, ки нафаре, ки ба ин вазифа таин мешавад, аз ӯҳдаи иҷрои вазифа мебарояд. Ибораи бисёр маъмулӣ аст, ки дар кору дар зиндагӣ шахсони ивазнашаванда ғайри ҳолатҳои истисноӣ нестанд. Ҳамавақт шахсе, ки таин мешавад, дар доираи салоҳият аз ӯҳдаи бартараф кардани мушкилотҳо мебарояд. Ман шубҳа надорам.

TojNews: - Шумо акнун дар нафақа ҳастед, аз ин ба баъд ба кадом кор машғул мешавед?

Ҷумъабой Сангинов: - Банда баъд аз онки ба фаъолияти идорӣ оғоз кардам, ҳамавақт дар як гӯшаи андеша ва қалб нороҳат аз он будам, ки наметавонам  ба касби дӯстдоштаи худ табибӣ машғул шавам. Ин мушкилӣ ҳамавақт ҳамроҳи ман буд. Акнун барои ман муҳим саломатӣ ва имконияти пиёда кардани баъзе ормонҳои касбиам пайдо мешавад ва ман кӯшиш мекунам, ки ба корҳои касбӣ машғул шавам.

TojNews: - Ба нафаре, ки ба ҷои шумо меояд ва ба дигар мансабдорони ҷавон чӣ маслиҳат доданӣ ҳастед?

Ҷумъабой Сангинов:- Шахсоне, ки маслҳиҳат медиҳанд, хеле зиёд ҳастанд дар ҷомеа. Аз диди банда барои ҳар масъули идораи давлатӣ якчанд сифатҳои калидӣ зарур аст. Нуқтаи муҳимтаринаш муносибат бо сарзамине, ки дар он таваллуд шудаасту муносибат бо давлате, ки дар он зиндагӣ мекунад. Яъне тамоми андеша ва ҷаҳду талошаш барои мусоидат кардан ба мустаҳкамии пояҳои ин сарзамин равона шуда бошад. Дуюм, масъулият ва муносибат дар ҳолатҳое, ки инсон имконияти интихоби сифати кор дорад. Яъне ӯ метавонад корро ба дараҷаи баланд иҷро кунад ё ба дараҷае, ки эҳтимол ҷавобгӯ ба манфиатҳои корӣ набошад. Сеюм, ин дар ҷаҳони моддигароии имрӯза нигоҳи доштани нафси худ аст. Барои шахси мансабдор ин ниҳоят муҳим аст, то аз сӯистифода аз мансаб худдорӣ карда, барои пешбурди манфиатҳои миллию давлатӣ ҷаҳду талош кунад. Боқӣ дигар ба хусусияту хислатҳои инсонӣ вобастагӣ дорад ва фикр мекунам он масъалаҳои маҷозию ҷорӣ ҳастанд, ки аҳамияти калидӣ надоранд.

Маълумот аз TojNews

Ҷумъабой Сангинов 22-юми феврали соли 1952 дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд таваллуд ёфтааст.

Дорои маълумоти олӣ аст. Соли 1974 Донишкадаи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиро дар Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии №1-и шаҳри Душанбе оғоз кард. Минбаъд аз соли 1976 то соли 1980 дар Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ ба ҳайси духтури ҷарроҳ фаъолият кардааст. Муовини сардухтури беморхонаи мазкур буд.

Аз соли 1980 то соли 1982 ординатураи клиникиро дар Донишкадаи тиббии Тоҷикистон хатм намуда, дар Беморхонаи шаҳрии клиникии №5-и шаҳри Душанбе ба ҳайси духтури ҷарроҳ кор кардааст. Баъдтар, ба ҳайси мудири шӯъбаи ҷарроҳии ҳамин беморхона то соли 1985 кор кардааст.

Аз соли 1985 то соли 1987 сардори шӯъбаи кадрҳои Вазорати тандурустии Тоҷикистон буд. Солҳои 1987-1991 дар вазифаи сардухтури Диспансери ҷумҳуриявии саратоншиносӣ, аз соли 1991 то соли 1996 сардори Раёсати тандурустии ҳукумати шаҳри Душанбе буд.

Баъдан, аз соли 2000-ум то 2011-ум 3 даъвати Маҷлиси Олӣ - даъватҳои II, III, IV, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.Роҳбари фраксияи Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон буд.

Аз 7-уми январи соли 2011 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ҷумъабой Сангинов ба вазифаи муовини аввали раиси вилояти Суғд таъйин карда шуд.

Дорандаи унвони Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки соли 1994 гирифтааст.

Оиладор ва соҳиби 3 фарзанд мебошад.

Copyright © 2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?