Дармон барои “чашму гӯши халқ”

Ё кадом тағйирот дар қонунгузории ҷории соҳавӣ бениҳоят заруранд, вале Ҳукумати кишвар ва вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дарки онҳо ҳанӯз нарасидаанд?

Вокуниши сиҳати ҳукумат

Тавре хонандаи ҳушманд дар ёд дорад, дар шумораҳои гузашта, “Нигоҳ” ба кӯшиши талоши бюрократӣ ҷиҳати ҷорӣ кардани сензураи маъмурӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанг нигаронӣ кард. Вокуниши мо наметавонист дигар бошад, зеро мансабдорони алоҳида мехостанд, бе баррасиҳои ҷамъиятӣ ба Қонуни ҶТ “Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма” тағйирот ворид карда, соҳиби абзори нави фишор болои расонаҳои мустақили кишвар шаванд, ки мутаассифона теъдодашон аз 6- 8 адад  ҳам кам аст. Ҷомеаи журналистии Тоҷикистон бо пахши изҳороти муштараки созмонҳои журналистӣ ин қабули ин тағйиротро ҷорӣ кардани сензура хонда, аз Ҳукумати кишвар ва Маҷлиси намояндагон дархост карданд, ки масъалаи ворид кардани тағйирот бознигарӣ шавад.  Маҷлиси намояндагони дар иҷлосияи рӯзи 3-юми феврал масъаларо ба шеваи ғайримуқаррарӣ баррасӣ карда, қабули тағйиротро мавқуф гузошт. Ин ҳам дар ҳоле, ки рӯзи 2-юми феврал Маҷлиси намояндагон бо пахши як хабари расмӣ аз мавқеъи баръакс иттилоъ паҳн карда буд.  Шояд ҳамин буд, ки коршиносон соҳа ҳадс заданд: тасмим дар Дастгоҳи иҷроияи Президент гирифта шудааст, ки аз вокуниши сиҳати Роҳбари нави Дастгоҳи иҷроия Озода Раҳмон ва Ёвари Президент оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита ба ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмон далолат мекунад. Чӣ ҳам набуд, парлумон нигаронии ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандии кишварро ба инобат гирифта, муқаррар кард, ки гуруҳи кории парлумон зери роҳбарии муовини Раиси МН Абдуҷаббор Азизӣ масъаларо бо намояндаҳои ваколатдори ҷомеаи журналистӣ баррасӣ карда, роҳҳали мушкилотро ёбанд.

Пешниҳоди журналистон

Чор созмони журналистӣ: ИЖТ, Шӯрои ВАО, АМРМТ ва “Хома” бо баргузории ҳамоише таҳлили лоиҳаи қонуни соҳавиро таҳия карда, ба парлумон ироа намуданд. Қарор аст, ки ҳамин рӯзҳо он ба парлумон пешниҳод гардад.  Мухтасари ин пешниҳод, ки зимни таҳияи он асос маъкулаи “аз доираи пешниҳоди Вазорати фарҳанг берун нарафтан” буд, чунин аст: Тағйирот зарур нест, аммо агар ҳатмист, пас бояд чунин бошад: “Агар дар муҳлати муайяншуда қонуншиканиҳое, ки асоси баровардани амри хаттӣ ё огоҳиномаи хаттӣ гаштаанд, бартараф карда нашаванд, Прокурори генералии ҶТ ё прокурорҳои тобеи ӯ ё мақоми ваколатдори баҳисобгирии ВАО ҳуқуқ дорад ба суд бо аризаи даъвогӣ дар хусуси боздоштани фаъолияти ВАО муроҷиат намояд”. Инчунин созмонҳои журналистӣ бо истифода аз фурсат пешниҳод кардаанд, ки “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон”, ки моҳиятан ва амалан институти худтанзимкунии фаъолияти ВАО мебошад, тариқи ворид сохтани тағйирот ба сархати 4-уми моддаи 29 хусусияти ҳатмиро гирад. “Нигоҳ” дар баробари ин пешниҳодот мавқеи хоса дошт, ки баёни оммавии онро бинобар содоқати ҳайати эҷодии нашрия ба принсипи шаффофияти фаъолият зарур медонем. Умедворем, ҳамкасбони гиромӣ, ки амали моро хуш мепазиранд ё ҳадди аққал дар доираи фарҳанги чандандешӣ ба он бархӯрд мекунанд.

Мавқеъи хоси “Нигоҳ”

Шӯрои муҳаррирони нашрия бар ин аст, ки ворид кардани чунин тағйирот ба қонуни амалкунанда такрори моҳияти қонунгузории мавчуда дар бораи прокуратура буда, амалан ҷонибдорӣ аз “феодализми соҳавӣ” ва гунаи қаноатманд кардани “иштиҳои бюрократӣ” мебошад. Ба масал он “ҳам гӯсфандон сиҳат бошанду ҳам гургон сер” аст.  Аммо мо бар онем, ки чунин бархӯрд сиҳат нест. Чунин амалкард  эътироф накардани институти нотисфикатсия - таҷрибаи ҷории ҷаҳонӣ дар баҳисобгирии матбуот буда, хилофи фалсафа ва ҳарфи қонуни ҷории матбуоти миллӣ мебошад. “Нигоҳ” ба ҳайси як институти фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ наметавонад ба ин тартиб созишкорӣ кунад, чун сухан аз арзишҳо, қонун ва манофеи милливу давлатӣ меравад. 

Мо посбони арзишҳо ва қонуният ҳастем. Моро ба серии гургон  коре набуду нест. Ҳамчунон, ки гӯсфанд набудему нахоҳем шуд.  Мо бо зуҳуроти мухталифи “феодализми соҳавӣ” созиш карда наметавонем. Намехоҳем!  Тағйирот ба қонунгузории ҷорӣ,  хоса дар тарҳи маҳдудкунанда шарт нест ва он ҳич мушкили ҷомеаву ҳукуматро ҳал карда наметавонад. Қонунгузории матбуоти Муғулистон аз 4 модда ва 6 ҷумла иборат аст, ки барои фаъолияти озоди  беш аз 200 рӯзномаву маҷалла, 43 шабакаи радио ва 36 телевизиони миллӣ шароит фароҳам овардааст. Ҳар ноҳияи ин мамлакатро соҳиби 5-6 расонаи касбӣ кардааст.  Иқтисоди мо - тоҷикон аз иқтисоди муғулҳо 2,5-2,7 маротиба заъифтар аст, аммо чаро бояд бозори расонаиямонро 20 -25 маротиба аз муғулҳо заъифтар кунем? Барои амбитсияҳои чанд мансабдор? Ҳич зарурат надорад. Баъди 5 -6 сол аз онҳо касе ёд ҳам нахоҳад кард, аммо институтҳои демократиро ҳифз кардан барои рушди миллӣ шарт аст.

Пешниҳоди хусусияти қонунӣ додан ба “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон”, ки тавре болотар ишора кардем, институти худтанзимкунии фаъолияти журналистӣ буда, минҷумла ба ҳалли то судии баҳсҳу қазияҳои равона шудааст, қобили қабул нест. 

Зеро барои побарҷо шудани ин институт 5-6 сол, заҳмати даҳҳо сарсупурдаи журналистика ва садҳо ҳазор доллари ИМА кӯмаки Иттиҳоди Аврупо ва дигар донорҳо зарур буд. “Нигоҳ”, ки бо ҳама гуна зуҳуроти сонсур, минҷумла худсонсурӣ муқобилат мекунад, онро барои нокифоя будан ва маблағгузории хориҷияш чанд сол эътироф намекард. Бо комил шудани худи Меъёрҳо ва шеваҳои идораи он, мо се сол зиёдтар аст, ки онро эътироф ва софдилона татбиқ мекунем. Аммо хусусияти қонунӣ бахшидан ба Меъёрҳоро бекор кардани институти худтанзимкунӣ дониста, беҳурматӣ ба ҷомеаи журналистии ҷаҳонӣ ва андозсупорандагони аврупоӣ медонем. Онҳое, ки мехоҳанд, ин институтро бекор кунанд, бояд ҳадди аққал маблағҳое, ки созмонҳои журналистӣ аз аврупоёин гирифтаанд, баргардонанд. Акси ҳол бадахлоқӣ мебуд. Оё мешавад, аз бадахлоқӣ кор гирифта, дар молҳои зеҳниии миллиямон талаби риояи Меъёрҳои алоқиро кунем? Магар дуздеро намемонем, ки ба фарзандаш мегӯяд: “Писарам, дуздӣ накун!”?. Агар на, пас ворид сохтани ин тағйирот ба қонунгузорӣ низ салоҳи кор нест. Дар баробари ин, “Нигоҳ” бар он аст, ки тағйирот ба қонуни амалкунанда зарур аст.

Чор тағйироти ҳаётан муҳим

Тағйироти ба манфиати матбуоти миллӣ ва ҳифзи амнияти иттилотии Тоҷикистон равона шуда, ки муҳимтарини онҳо аз назари мо инҳоянд:

1. Барҳам задани низоми мавҷудаи баҳисобгирии ВАО- и чопӣ, хоса дар бахши таъини муҳлати иҷозатномаҳо аз ҷониби Вазорати фарҳанг, ки талаботи зиддиқонунӣ аст. Воқеъият ин аст, ки Вазорати номбурда ба як ВАО муҳлати иҷозатномаро барои ду солу барои  дигарӣ барои панҷ сол медиҳад. Ин меъёр “душохаи фасод” буда, далел аз фасоднокии худи қонун аст. Қонуни хуб набояд барои фасодкорон имкон фароҳам дорад. Аз ҷониби дигар, Тоҷикистон ба ҳадде давлати қавӣ шудааст, ки ҳама гуна баҳисобгириро бе робитаи муроҷиаткунанда бо мансабдор ҷорӣ намояд. Робитае, ки маъмулан ба фасод мебарад;

2. Қонунгузор бояд таъсиси ВАО аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ва шаҳрвандони бе табааро комил гардонад.  Саҳми онҳоро дар ВАО бо 20-25 % маҳдуд сохта, таъсиси ожонсҳои иттилотиро барои онҳо манъ созад. Ҳамчунин шаҳрвандони хориҷӣ набояд сармуҳаррир ё муҳаррири масъули ВАО -и миллӣ бошанд. Қонунгузор бояд соҳаи телевизион ва радиошунавонии миллиро соҳаи стратегӣ эълон карда, ширкати хориҷиён дар онро танзим намояд.  Ин таҷрибаи байнулмиллалӣ аст ва бо назардошти вазъи имрӯзаи ҷаҳон шарти ҳифзи амнияти иттилоотӣ ва рушди матбуоти миллӣ гаштааст. Ҳамчунин маҳдудсозӣ дар ИМА, Олмон, Ҳиндустон, Русия, Қазоқистон ва Чин амал мекунанд. Мо, ки аз ИМА-ву Ҳинду Чин зӯртар нестем;

3. Дастгирии молии давлатӣ, ки моддаи 5-и қонуни амалкунанда пешбинӣ намудаасту амалан танҳо дар баробари расонаҳои ҳукуматӣ пиёда мешавад, бояд бознигарӣ шавад. Механизми дастгирии молӣ возеҳу равшан навишта шуда, мақоми амаликунандаи он - Комиссияи ҳукуматӣ ё мақоми дигар дар қонунгузорӣ дарҷ гардад. Давлати қавии миллӣ набояд миёни “Нигоҳ”-у “Ҷумҳурият”, “Фараж”-у “Адабиёт ва санъат” тафриқа андозад. Якеро маблағгузорӣ кунаду дигареро пайваста тафтишу танзим. Бозбинии сиёсати дастгирии молии ВАО ҳатман ба бознигарии сиёсати телевизионҳои давлатӣ ва мутмаинем ислоҳоти сохторӣ оварда мерасонад, ки бинобар набудани рақобат аз телевизионҳои кишварҳои ҳамсоя хеле ақибмонда ба назар мерасанд. Примитив менамоянд;

4. Забони давлатии тоҷикӣ бояд дар ҳудуди Тоҷикистон қонунан забони реклом гардад. Забони рекломи имрӯза ба истилоҳи донишманди фарҳехта Умеди Ҷайҳонӣ, рӯзбакӣ асту русӣ. “Продаётсия”- ву “продаюся”-е, ки ҳар рӯз аъзои ҳукумат ва вакилони парлумон бо он дар маркази фарҳангии тоҷикон -Душанбе вомехӯранд, адами сиёсати ҳифзи забони давлатӣ дар муҳити расонаӣ аст. Дар беш аз 200 ширкати ватанӣ, ки мустақиман ё ғайримустақим дар бозори 15-18 миллиондоллараи рекломи Тоҷикистон (баҳои коршиноси шинохта Шералӣ Ҷӯрабоев) ягон забоншинос ё шарқшинос кор намекунад. Ҳамчунин зарурат нест. Барои КВД –и “Самбуса” касе муҷозот намешавад. Бо ҷорӣ кардани меъёри ҳатмии 70 -80 % ҳаҷми реклом ба забони давлатӣ дар ВАО заминаи молии рушди забони давлатӣ фароҳам омада, нақшу ҷойгоҳи  Ҳукумати феълии Тоҷикистонро дар рушди забони реклом ба телевизиони афғонистонии “Тулӯъ” наздик мешавад.

Албатта, тағйроти дигаре ҳам ҳастанд, ки бозори ВАО- и кишварро тадриҷан дигар карда, муҳити расонаиро сифатан нав ва ба талаботи замона ҷавобгӯ мекунанд. Ормонҳои миллии моро дар ин соҳаи муҳим бароварда мекунанд.  Аммо ин чаҳор самтро “Нигоҳ” афзалиятнок меҳисобад.

Мо, маҳз ҳамин гуна тағйиротро дармон барои “чашму гӯши халқ” (ибораи Эмомалӣ Раҳмон) медонем.  Омодаем, ки ҳар як пешниҳодамонро ба тафсил асоснок сохта, ба гуруҳи кории парлумон ва масъулини Дастгоҳи иҷроияи Президент пешкаш созем. Зеро мо ба он боварем, ки ин масоил аз мушкилоти миллии мо ҳастанд ва табиист, ки мушкилоти миллӣ кӯшишу талошҳои миллиро тақозо мекунанд.

“Нигоҳ”

бознашр аз бознашр аз “Нигоҳ” №45 (478). Чоршанбе, 10-уми феврали соли 2016

Copyright @2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?