Эмомалӣ Раҳмон Қонуни “Пешвои миллат”-ро қабул кард

Президент Эмомалӣ Раҳмон зери Қонун “Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат” имзо гузошт, ки минбаъд ӯро расман “Пешвои миллат” меноманд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президент, 25-уми декабр Эмомалӣ Раҳмон дар баробари чанд қонун зери Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат” низ имзо гузоштааст.

Қонуни мазкур 9-уми декабр аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон қабул ва 18-уми декабр аз ҷони аъзои Маҷли миллӣ ба тасвиб расида буд. Сомонаи расмии Президент навиштааст, ки ин қонун “бо назардошти иродаи мардуми шарифи Тоҷикистон ва дар асоси пешниҳоди бархе аз вакилони Маҷлиси намояндагон” қабул шудааст.

Дафтари матбуоти Президент навиштааст, ки “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат” бо мақсади тақвияти асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзӣ, якпорчагии Ватан, пойдориву бардавомии давлати Тоҷикистон, таҳкими демократия, таъмини рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи арзишҳои таърихии давлатдории миллӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон таҳия ва қабул карда шудааст”.

Қонуни мазкур аз муқаддима ва 16 модда иборат буда, вазъи сиёсиву ҳуқуқӣ, салоҳият, дахлнопазирӣ, бунёди осорхона, бойгонӣ, китобхона, амният ва кафолатҳои иҷтимоию иқтисодии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллатро муқаррар мекунад. Аз ҷумла мувофиқи моддаи 4 ин Қонун барои хизматҳои содиқонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат дар назди Ватан - ордени "Пешвои миллат–Эмомалӣ Раҳмон" ва - ҷоизаи давлатии "Пешвои миллат–Эмомалӣ Раҳмон" таъсис дода мешаванд, ки шахсиятҳои намоён барои хизматҳои шоён дар фаъолияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ҳиссаи арзанда дар рушди демократия, таҳкими сулҳу суботи ҷомеа ва дӯстии байни халқҳо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо онҳо сарфароз гардонида мешаванд.

Ҳамчунин мувофиқи моддаи 11 Қонуни мазкур  осорхона, бойгонӣ ва китобхонаи Асосгузори суҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат таъсис дода мешаванд, ки онҳо сарвати миллӣ ва моликияти давлатӣ ба ҳисоб мераванд. Инчунин Қонуни мазкур паҳлӯҳои дигари ҳаёт ва фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллатро танзим менамояд.

Copyright @2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?