Фошкориҳои Палатаи ҳисоб аз дуздии миллионҳо сомонии буҷаи кишвар

Палатаи ҳисоб мегӯяд аз сабаби дар кумитаи андоз ва мақомоти ҳудудии он самаранок истифода нашудани имкониятҳои мавҷуда дар шаш моҳи охир нақшаи воридоти андоз ба буҷа иҷро нашудааст.

Дилмурод Давлатзода, раиси Палатаи ҳисоб дар нашрияи расмии «Ҷумҳурият» гуфтааст, ки «санҷиш дар Кумитаи андоз муайян намуд, ки нақшаи қисми даромади буҷет ба маблағи 7 миллиарду 871 миллиону 937 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷрои он ба қадри 7 миллиарду 949 миллиону 113 ҳазор сомонӣ ё 101 фоиз таъмин карда шудааст.

Таҳлил нишон дод, ки аз ҷониби кумита ва мақомоти ҳудудии он имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода нагардида, дар ин давра нақшаи чор намуди андоз ба маблағи 369 миллиону 716 ҳазор сомонӣ иҷро нашудааст. 

Бино ба гуфтаи манбаъ дар давоми се соли ахир дар Академияи илмҳо 625,8 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷетӣ дуздида шуданд.

Дар ин бора , Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибат бо 5 ширкати тиҷоратӣ 1 миллиону 169 ҳазор сомонӣ ва дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз он, санҷишҳои муштараки камералии андоз дар субъектҳои хоҷагидор) ба маблағи 20 миллиону 702 ҳазор сомонӣ ошкор намуд. 

Ғайр аз ин, аз суди саҳмияҳои ба давлат тааллуқдошта, аз ҳисоби ҶСК «Сементи Тоҷик» маблағи 882,5 ҳазор сомонӣ ва дигар ширкату корхонаҳо бақияпулиҳои андоз ба маблағи 32 миллиону 706 ҳазор сомонӣ ба буҷет барқарор карда шуд.

Санҷишҳои аудиторӣ дар дастгоҳи марказии кумита аз ҳисоби изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ, пардохти аз меъёр зиёди хароҷот оид ба сафарҳои хизматӣ, камомади молу маводи арзишдор ва ба буҷет аз даромади маблағҳои махсус ворид накардани пардохтҳои муайяншуда, зарари молиявиро ба қадри 1 миллиону 300 ҳазор сомонӣ ошкор намуд.

Раиси Палатаи ҳисоб аз дуздидани маблағҳои қарзи хориҷӣ ба миқдори калон ҳам хабар медиҳад. Ба гуфти ў   Лоиҳаи «Сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб - Қалъаи Хумб» сохтмони 98 километр роҳ, 3 пули калон бо дарозии 1000 метр ва 12 пули хурдро дар бар гирифта, бунёди роҳ ба чор минтақаи сохтмонӣ, аз ҷумла Кӯлоб - Шӯрообод - 35 километр, Шӯрообод - Анҷироби Поён - 23 километр, Анҷироби Поён - Шоҳон - 16 километр ва Шкев - Қалъаи Хумб - 24 километр ҷудо карда шудааст. Арзиши умумии лоиҳа 92 миллиону 900 ҳазор долларро ташкил дода, татбиқи он аз ҳисоби воситаҳои қарзӣ, ки бо созишномаҳои қарзӣ дар давраи солҳои 2009 -2010 аз Бонки исломии рушд, хазинаҳои Абу-Дабӣ, ОПЕК, Кувайт ва Саудӣ ба маблағи 85,0 миллион доллар ҷалб гардидааст, амалӣ карда мешавад.

Инчунин, дар амалисозии лоиҳа ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 миллиону 900 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Татбиқи лоиҳа моҳи январи соли 2012 оғоз гардида, амалисозии он, бо назардошти тағйиру иловаҳо, моҳи декабри соли 2016 пешбинӣ гардидааст. Муайян карда шуд, ки аз аввали татбиқи лоиҳа дар доираи қисмати «Корҳои сохтмонӣ» ҷиҳати иҷрои корҳо маблағи 48 миллиону 629 ҳазор доллар пардохт гардида, аз тарафи пудратчии асосӣ ҶДММ Комбайнед Групп Текар Техник Арастирма Лимитед Компанӣ (Қувайт + Туркия) корҳо ба маблағи 44 миллиону 234 ҳазор доллар ё 47 фоиз иҷро шудаанд. Санҷиши назоратии корҳои сохтмонии аз тарафи ин ҷамъият дар иншооти «Сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб - Қалъаи Хумб» иҷрогардида, изофанависии ҳаҷм ва арзиши корҳоро ба маблағи 131,9 ҳазор доллар, баробар ба 1 миллиону 38 ҳазор сомонӣ ошкор сохт.

Назарҳо

Президенти Академияи илмҳои ҶТ ба фуруши нафт ҳам машғул аст, агар Тоҷнюс ягон мукофоти хуб ваъда кунанд, дар бораи ин бизнеси мансабдори тоҷик як мақолаи хуб менависам...

Шояд шумо суол ё назаре доред?