Гунаҳкори занозанӣ миёни хонандагони мактабҳои пойтахт кист?

Шаҳрдори Душанбе занозанӣ миёни хонандагони мактаб дар пойтахтро натиҷаи бемасъулиятии масъулини Раёсати маориф ва нозирони минтақавӣ донист.
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе дар ҷаласаи шаҳрдорӣ аз паст будани маърифати шаҳрнишинӣ миёни мактабиёну ноболиғон ва то ҳол ҷой доштани ҳолатҳои алоҳидаи муноқишаҳои ба ҷиноят ҳидояткунанда нигаронӣ кард.
Дафтари матбуоти шаҳрдорӣ мегӯяд, Убайдуллоев ин ҳамаро натиҷаи бемасъулиятии масъулини Раёсати маорифи шаҳру ноҳияҳо ва нозирони минтақавии милитсия дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ унвон кард.
Шаҳрдори Душанбе муқаррар сохтааст, ки дар ҳамкорӣ бо кумитаи падару модарон корҳои тарбиявии беруназсинфиро пурзўр намоянд ва ҳамзамон ҳушдор дод, ки дар сурати такрор шудани чунин ҳодисаҳои номатлуб нисбати масъулин бо татбиқи чораҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ тадбирҳои ташкилӣ андешида мешаванд.
Нигаронии шаҳрдори Душанбе дар пайи он сурат мегирад, ки ҳафтаи равон 7 нафар аз хатмкунандагони яке аз мактабҳои пойтахт бо гумони авбошӣ боздошт шуданд.
Ба навиштаи сомонаи ВКД, ин нафарон якдигарро латукӯб намуда, тартиботи ҷамъиятиро вайрон намудаанд.
Занозанӣ дар байни мактабаччагони Тоҷикистон бахусус макотиби пойтахт ҳодисаи нав нест. Соли 2014 дар натиҷаи занозанӣ миёни хонандагони мактаб дар пойтахт Бурҳониддин Зарипов, як хонандаи мактаби №54-и пойтахт ба ҳалокат расида буд.
Назарҳо
Шояд шумо суол ё назаре доред?