Хабари боздошти Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода асос надорад

Наздикони Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода бо пахши як акс ва изҳороти кутоҳ боздошти шабонаи ӯро аз ҷониби мақомот рад карданд.
Дар ин изҳорот, ки дар саҳфаи фейсбукии хонадони машҳури Тӯраҷонзодаҳо омадааст, гуфта мешавад: “Хабари боздошт шудани Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода (ҳафизаҳуллоҳ) дурӯғ мебошад. Эшон (алҳамдулиллоҳ) дар хонаашон дар назди аҳлу оила қарор доранд”. Ба тақвияти ин изҳорот акси наве аз Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода дар “Саҳфаи Тӯраҷон” нашр шудааст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки сомонаи мухолифони фирории тоҷик Паём.нет хабар пахш кард, ки шабона чор нафар, ки якеашон дар тан либоси милиса дошт, Тӯраҷонзодаро ба самти номаълум бурдаанд.
Маврид ба зикр аст, ки тақрибан ҳанӯз як сол қабл аз “қазияи Ҳоҷӣ Ҳалим” ва боздошти Раёсати ҲНИТ Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода бидуни шарҳе аз фаъолияти сиёсӣ даст кашида буд.
То лазҳаи чопи ин хабар мақомоти Тоҷикистон дар ин бора изҳори назар накардаанд.
Назарҳо
Шояд шумо суол ё назаре доред?