Хайрулло Саидов: “Ҳатто хонаи амакам, ки асри гузашта харидааст, мусодира мешавад”

Мақомоти Тоҷикистон дар садади мусодира кардани хонаи бародарон ва фарзандони Зайд Саидов, соҳибкор ва сиёсатмадори зиндонии тоҷик мебошад.
Хайрулло Саидов, писарбузурги Зайд Саидов дар саҳифааш дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук навиштааст, ки мақомот ҳатто манзили амакашро, ки солҳои 1970-75-и асри гузашта харидаанд, мехоҳанд мусодира кунанд. Ӯ навишатаст, ки “хонаҳои бародарони падарамро мусодира карданианд, ки онҳо ҳатто сиёсатро чизе намефаҳманд ва намедонанд, ки амакашон Зайд барои дар арсаи сиёсат по ниҳодан гирифтори чунин зулму бераҳмӣ гардидааст ва дар чархоби ин зулм хонаводаи онҳоро низ пайвастанд”.
Писарбузурги Зайд Саидов менависад, хонаи амакаш дар замоне харидорӣ шудааст, ки Зайд Саидов донишҷӯ буд. Дар сурати мусодира шудани манзили бародари Зайд Саидов, наздик ба 30 нафар аз чаҳор оила, ки дар ин хона ба сар мебаранд, ки бесарпаноҳ мемонанд.
Хайрулло Саидов мегӯяд, “барои мусодираҳоро каме қонунӣ ҷилва дода шавад як мисол меорам, мошинҳои мо фарзандон, ки то сохтмони бинои Душанбе-Плаза харида будем, гуфтанд Шумо аз пули бинои Душанбе-Плаза харидаед. Ҳарчанд санаи харид исбот мекунанд, ки ин айб поя надорад ва дар суд низ мо исбот карда будем, ки ҳама айбҳо нисбат ба бинои Душанбе-Плаза беасосанд”.
Ба гуфтаи Хайрулло Саидов барои мусодираи амвол мурофиаи судӣ оғоз шудааст. Ӯ суол мекунад, ки “қазияи Зайд Саид ва хонаводааш як қасосгирие беш нест. Агар не, пас, ки ҷуръат мекунад, ки дар ин фасли сармо даст ба ин иқдоми бераҳмӣ бизанад ва чандин оиларо бесарпаноҳ ба як сарсониву саргардонӣ мувоҷеҳ гардонад. Куҷост он адолат? Куҷост он мардумнавозӣ? Куҷост он ифтихору ҳуввияти миллӣ?”
“Дурандешону оқилсифатон ҳамеша ёдовар мешаванд, ки ҳатто лонаи гунҷишкро вайрон кардан гуноҳи азиму нобахшиданӣ аст, куҷо расад ба бесарпаноҳ кардани инсонҳо. Овардани ин чанд ҳарфи дардноки банда ба он хотир аст, ки ҳамеша ин Ҳукумат аз амалҳои оқилонаву хайрхоҳона ва савобҷӯёнаи худ такрор ба такрор аз тариқи шабакаҳои телевизионии кишвар қариб ҳар шабу рӯз ба гӯши мардум мерасонанд. Пас, чаро аз раҳму шафқат барои хонаводаи Зайд Саид кор намегиранд?”, - суол гузоштааст писари Саидов.
Хайрулло Саидов нақл мекунад, ки дар давоми қариб се сол ҳар боре, ки ба мақомдореву мансабдоре рӯ ба рӯ мешавем, як ҳарфро мегӯянд: “ба дарди Шумо расидагӣ карда наметавонем, мо иҷрокунанда ҳастем, ба қазияи Шумо танҳо роҳбарияти кишвар бояд расидагӣ кунад”.
Ҳоло пайвандони Зайд Саидов намедонанд ба куҷо муроҷиат кунанд, зеро бовар доранд, ки мусодираи амволи фарзандону пайвандони падарашон аз доираи қонунгузорӣ берун сурат мегирад.
Copyright @2016 TojNews
Назарҳо
Шояд шумо суол ё назаре доред?