Холмуроди Сиддиқ: “На ду сол, ҳамагӣ як рӯз ғайриқонунӣ мошинам сиёҳшиша буд”

Холмуроди Сиддиқ мегӯяд, ки дар кӯчаҳои шаҳр ҳамагӣ як рӯз бидуни ҳуҷҷат бо мошини сиёҳшишааш ронандагӣ кардааст.
Ин ҳаҷвнигори барномаи телевизионии “Лаҳзаҳои гуворо” дар сӯҳбат бо TojNews тасдиқ кард, ки бо худрави тамғаи “Ниссан-Максима”, рақами давлатиаш АХ 7272 РТ 01 мегардад.
17-уми август вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки Холмурод Сиддиқов аз соли 2013 инҷониб бидуни иҷозатнома тирезаи худравашро сиёҳ кардааст. Инчунин, ӯ 22 бор қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон кардааст, ки аз ҷониби камераҳои “Шаҳри бехатар” сабт шудаанд. Барои ин қоидавайронкунӣ ин ҳунарманди ҳаҷвнигорро 9 ҳазору 720 сомонӣ ҷарима кардаанд.
Холмуроди Сиддиқ гуфт, ки “воқеан як муддат муҳлати иҷозатнома барои мошини сиёҳшиша гузашта буд, ки тирезаҳои мошинро ба асли аввалааш баргардонем. Ҳоло дуюмбора шишаҳоро сиёҳ кардему ба “чанг” афтодем. Он ҳам ҳамагӣ як рӯз буд. Қасд доштам, ки дар наздиктарин фурсат ҳуҷҷатгузорӣ кунам”. Аммо дар бораи қоидавайронкуниҳояш изҳори бехабарӣ карда, гуфт, ки барои муайян карданаш ба Раёсати БДА хоҳад рафт.
Copyright @2015 TojNews
Назарҳо
Шояд шумо суол ё назаре доред?