Имомхатибони шаҳри Хуҷанд: Ҳоҷӣ Ҳалим бо Муҳиддин Кабирӣ хостори тағйири сохти конститутсионӣ буданд

Имомхатибони шаҳри Хуҷанд бо пахши як изҳорот гуфтаанд, ки Ҳоҷӣ Ҳалим ва ҲНИТ “мехостанд сохти конститутсионии ҷумҳуриро тағйир диҳанд”.
16-уми сентябр изҳороти имомхатибони шаҳри Хуҷанд дар сомонаи расмии ҳукумати вилояти Суғд нашр шудааст. Дар он ҳодисаҳои охир дар кишварро, ки субҳи 4-уми сентябр сар зад, маҳкум карда, гуфтаанд, ки “бо мурури замон Ҳизби Наҳзати Ислом ва ҳадафҳои ғаразноки он, ки таҳти ниқоби “Ислом” мастур буд рӯз то рӯз кушода шуда истодааст, ваҷоҳати ҳақиқии аъзои онро мардум бо чашми худ дида, қабоҳати кори бади ин тоифаро маҳкум мекунанд”.
Дар изҳорот гуфта мешавад, ки гарчи ба Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) Президент Эмомалӣ Раҳмон рутбаи генералӣ ва вазифаи воломақом дод, аммо “Ҳалим Назаров дар ҷавоб чӣ кор кард? Дар мақоли халқӣ мегӯянд: “Ончӣ ба хун медарояд ба ҷон мебарояд”.
Вазифаю рутба зоҳири ӯро дигар кард аммо ботини вайрони ӯ тағйир наёфт, пинҳону гоҳо ошкоро бо роҳбари ҳизбаш Муҳиддин Кабирӣ нақшаи харобиоварро бар зидди халқи Тоҷикистон ва миллати тоҷик тарҳрезӣ мекард, зеро дар он ҳадафҳои молӣ низ вуҷуд дошт, ки аз хоҷагони хориҷиашон ба онҳо мерасад”.
Имомхатибон талаби қатъи фаъолияти ҲНИТ-ро кардаанд. Дар паси ҳодисаҳои охир дасти “хоҷагони хориҷӣ” меистад, таъкид кардаанд дар изҳорот.
Дар идома мегӯянд, ки “ин гурўҳи ҷиноятпеша мехостанд сохти конститутсионии ҷумҳуриро тағйир диҳанд, яъне мехостанд Тоҷикистонро бори дигар ба хоку хун оғушта кунанд”.
Copyright @2015 TojNews
Назарҳо
Шояд шумо суол ё назаре доред?