Журналист Санҷар Ҳошимӣ 15 октябри соли 1990 дар деҳаи Рукнободи шаҳри Панҷекат чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.
Ӯ маълумоти ибтидоиро дар мактаби миёнаи №35 ба номи Бозор Шарифови ҳамин деҳа гирифта, пас аз хатми мактаб барои идомаи таҳсил озими...
Ислом Каримов Сафири Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт
Интишор шуд: 1 июля, 2016 - 09:53

Содиқ Имомӣ, сафири навтаини Тоҷикистон дар Узбакистон эътимодномаи худро ба Раисҷумҳури ин кишвар супорид.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКХ, пас аз маросими супоридани Эътимоднома Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Сафири Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт.
Манбаъ мегӯяд, дар рафти мулоқот масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба, таҳкими равобити дӯстона ва ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар поёни сӯҳбат Сафири Тоҷикистон Содиқ Имомӣ изҳор дошт, ки тамоми саъю кӯшиши худро барои таҳким ва густариши муносибатҳои дуҷониба миёни Тоҷикистону Узбекистон ба харҷ хоҳад дод.
Шояд шумо суол ё назаре доред?