Исёни пурасрори генерал. Ба изҳороти Ҳоҷӣ Ҳалим бовар кунем?

Ҳодисаҳои охир дар Душанбеву Ваҳдат барои ҷомеаи Тоҷикистон ғайримунтазир ва ҳатто барои маҳфилҳои коршиносӣ суолбарангез аст, ки чи тавр метавонад генерал-майор Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим исён кунад?

Ҳоҷӣ Ҳалим, ки аз фармондеҳони камнуфузи собиқ ИНОТ буд, бо саҳми сифоизаи мухолифин ба мақомоти қудратӣ шомил шуд. Аз камтарин намояндаи ИНОТ буд, ки то чаҳор рӯз қабл дар курсии мансаб, он ҳам муовини вазири дифоъ менишаст. Ба гуфтаи коршиносон дар давоми 20 соли охир ба шахсияте табдил шуда буд, ки бархе аз мухолифин ӯро қабул надоштанд, ҳукумат низ ба ӯ ба ҳадди зарурӣ бовар намекардааст. Ҳодисаи охир ин нуктаро собит кард. Журналист ва таҳлилгар Раҷаби Мирзо мегӯяд, ки генерал Назарзода дар миёни ҷомеа он қадар шинохта  ва барои мухолифин низ таъсиргузор набуд, ки ба ӯ такя кунанд. “Шахсияти Назарзода низ барои ҷомеаи Тоҷикистон бо мавқеи устувор шинохташуда нест. Баръакс аъмоли ӯ доим пур аз шубҳаву гумонҳо барои доираҳои мухолиф ба назар мерасид. Бубинед, чандин бор шахсиятҳои матраҳи мухолифин ӯро ба хиёнат муттаҳам карданд. ҲНИТ ҳам бо ӯ “масъалаҳое” дошт, ки ҳарчанд ошкор намегӯянд, аммо фаромӯш низ намекунанд. Аммо ӯ дар як сӯҳбаташ бо “Нигоҳ” гуфта буд, ки ин ҳама иттиҳомот дуруст нест. Пас мешавад тахмин кард, ки чунин “имиҷсозӣ» аз ӯ махсус сурат мегирифт, то кадом гурӯҳе ба ӯ эътимод накунад. Дар изҳороте, ки аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ аз номи Назарзода паҳн шудааст, монанд ба ҳамин хулосаҳоеро эҳсос мекунем. Фикр мекунам, азбаски иродаи заъиф дошт, натавонист касеро мутмаин созад ва шояд аз ин ҳолат доираҳои муайян суистифода карданд”, мегӯяд ин таҳлилгар.  

Мақомоти Тоҷикистон шоми 4-уми сентябр генерал-майор Абдуҳалим Назарзодаро ба ташкили гурӯҳи ҷиноӣ ва дастаи террористӣ муттаҳам карда, гуфтаанд, ки ӯ ба дастгоҳи Вазорати мудофиа ва ШКД-и шаҳри Ваҳдат ҳамла кардааст. Дар натиҷа 8 корманди ВКД-ро кушта, лавозимоту аслиҳаи зиёдро бо худ бурдааст. Аммо мақомот нагуфтаанд, ки ҳадафи аслии ӯ чи будаасту чаро якбора ба ин амал даст задааст?

Посухи ин суол барои коршиносони тоҷик низ асрорбарангез аст. Коршинос Парвиз Мулоҷонов мегӯяд, ки бо такя ба маълумоте, ки ба даст мерасад, намешавад ба вазъ баҳои воқеӣ дорад. Зеро ба гуфтаи ӯ “маълумоте, ки ба мо мерасанд, хеле нопурраанд. Ба ҳамин далел метавон гуфт, ки дар ин қазия розе ниҳон аст ва намехоҳанд, ки он фош шавад”.

Маҳмадалӣ Ҳаит, муовини Раиси ҲНИТ низ ба ин бовар аст, ки “ чун фош кардани асли қазия бар зарари ҳукумат аст, ба ҳамин хотир онро ба мардум ва расонаҳо шарҳ намедиҳанд.”

Аммо Шокирҷон Ҳакимов, мувоини раиси ҲСДТ изҳороти мақомотро ба боди интиқод мекашад, ки он бехабарии худи мақомотро ба намоиш гузошт. Ӯ мегӯяд, “агар Ҳоҷӣ Ҳалим, ки муовини вазири мудофиа буд, чи тавр аъзои ҲНИТ мешудааст? Барои мақомоти дахлдор муқаррар кардани муносибати Ҳоҷӣ Ҳалим бо ҳизби сиёсӣ ё созмони хориҷии ба Тоҷикистон таҳдиду хатар дошта ягон мушкилот надошт ва бидуни шак агар чунин иттилое мебуд раҳбарияти Вазорати мудофиа ва Сарфармондеҳи олии қувваҳои мусаллаҳро огоҳ намуда, қаблан табдирҳои заруриро меандешиданд”.

Аммо Раҷаби Мирзо дар ин маврид меафзояд: “дар тамоми дунё вақте як низомии аршад ба исён бар мехизад, ин маънои онро дорад, ки як чизи хеле барномарезӣ шудааст ва ҳатман доираҳое дар дохил ва хориҷ аз ӯ истифода мекунанд ва дар аксар маврид қиём кардани чунин низомиҳо ҳукуматҳоро ба истеъфо рафтан водор мекунад. Ҳоло, ки Назарзода мегӯяд ин ҳодисаҳо якбора сурат гирифтаанду ӯ аз ночорӣ роҳи фирорро пеш гирифтааст, тахминҳо метавонанд дигар шаванд. Ёдатон бошад, тирамоҳи соли 2010 вақте аз қумандони дигари мухолифин Мирзохӯҷа Аҳмадов низ дар аввал “террорист” сохтанду хонаашро тирборон карданд, аммо ӯ вокуниши ҷиддӣ нишон надод. Баръакс, ҳукуматро мутақоид сохт, ки воқеият дигар аст. Шояд маълумоти ҷиддитарро ба мақомот пешниҳод намуд. Аз ин рӯ, пас аз ин Аҳмадов на танҳо муҷозот нашуд, балки хонаашро аз нав сохтанду доданд ва имрӯз ба соҳибкорӣ машғулу ҳаёти мулкӣ дорад. Дар қазияи Назарзода низ наздикие ба ин эҳсос мешавад. Бубинед, ӯ ҳам ба муқобили нерӯҳои ҳукумат ҷанги ошкор намекунад, баръакс хомӯширо ихтиёр кардааст. Масалан, агар маълумот дар бораи ихтиёран ба мақомот худро таслим кардани бародараш Мирзоҳаёт воқеият дошта бошад, пас мешавад тахмин кард, ки ӯ шояд ба мақомот барои пешниҳоди маълумотҳое ё додани ягон паёми муҳим аз ҷониби генерал Назарзода омадааст. Илова бар ин, якбора тақвият ёфтани ҳамкориҳои низомии Русия барои дарёфти Назарзодаву шариконаш аз як ҷониб хеле чизҳоро рӯшан намояд, аз сӯи дигар каме шубҳаовар менамоянд, чун матбуоти Русия ин қазияро аз ҳад зиёд “пуф” карда буданд”.

Ба гуфтаи ӯ, “дар таърихи беш аз даҳ солаи ахири Тоҷикистон ин бори аввал аст, яки низомии аршад исён мекунад. Бори ахир низомиёне чун Маҳмуд Худойбердиев ва баъди он Ёқуб Салимов исён карда буданд. Ба ҳамин хотир исёни генерал Назарзодаро ҳукумат тассавур намекард ва қабул ҳам карда наметавонист”.

Ҳоло дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва бархе расонаҳои русӣ паёме ба унвони нахустин изҳороти Ҳоҷӣ Ҳалим мечархад. Дар он гуфта мешавад, ки гӯё Ҳоҷӣ Ҳалим ҳамагӣ чанд соат пеш аз амалиёт огоҳ шудааст, ки ӯ ва чанде аз қумандонҳои собиқ ИНОТ-ро бояд боздошт шаванд. Ҳоҷӣ Ҳалим бо чанде аз фармондеҳони собиқ ИНОТ машварат карда, барои он, ки ҳабс ё ба таври таҳқиромез кушта нашаванд, фирор мекунанд. Дар ин паём гуфта мешавад, ки роҳҳои баромад аз Душанберо муҳосира карда будаанд, аз ин сабаб боис ба задухӯрд шудааст. Гӯё имзо намонданаш ба зери изҳорот алайҳи ҲНИТ боис ба тасмими ногаҳонӣ барои боздошташ шуда бошад.

Ин изҳорот дар сатҳи овозае боло набуда, мақомоти давлатӣ низ нуктаҳои онро то ҳол шарҳ надодаанд. Аммо ин суол ҳамоно боқӣ мемонад, ки чаро генерал Абдуҳалим Назарзода даст ба исён зад? 

Copyright @2015 TojNews

Назарҳо

Точнюс хонааш равед нащди фурудгох, ино занхову фарзандонашонро мебароранд ва ьаъд фитна мекунанд. Аку рохбараш Кабириву дигоош хорич рафтанд аку миллат ва ватанро ба хун огушта мекунанд. Падрлаънат норози буди чаро нарафти назди Кабириву зану кудакот дар хорич мешишти. Ин махусус барои ноамн кардан омадааст.
Хиёнаткор сазовори лаънату дашномай, чунки ба Ватану хонадони худ хиёнат кард!! Набояд аку ба изати нафси наздикони у расем, а мардума фахмонем, ки ай ихел хоинон худро дур кунанд!! И хиёнаткора тезтар дастгир кунан то мардум осуда бгарда!!
Ломакон ика хдта надррон оли рушан мешава амаш бо компютрт накафа бмри
кабирия мачбур кардед то фирор кунад ва боз хорич рафтанашро дастак карор медихед бигзоред пас дар кишвар озодона гарданд мардум
Кабириям одами пок мешуд ика дар матбуот звезда намешуд!! Маълумай ки урам ай номи ХНИТ барои зиндагии хуби худ истифода мекна!! И мардуми морам чехраи аслии ура шояд намедонан! Агар ихел нест, пас бояд дар Точикистон бошад!! Маълум мешавад, ки ягон гунох дорад!! Аку Хукуматам кори дига надора, ки одами бегуноха махкам мекна!!
Номта ломакон навистай гуе намедони барои чи чангидестай хамичада навистагияй барои чи чангидай. Маданияти ту хамин факат дашном. Бихон баъд коментари навис. ЛОМАКОН
Салом ин пайме, ки дар шабакоҳо аз тарафи Ҳочи ҳалим пахш шудааст гуё нав бо хабар шуданд хакикат надорад чаро ки у пеш аз ин паём дода буд ки ин кор бо барномарези сурат гтрифтааст ва ба сомонаи шумо низ он паём равон карда шуда буд
Ин хама амлхоро генерал дидву дониста карда фикр кард ки куввахои манфитчуи аз у пуштибони мекунанд аммо хато кард ва барои начоти худ ин усулро пеша кардааст лекин барои ин чиноятхои содир намудаашон чазои инхо ба фикри ман марг аст.
Ҳоҷи Ҳалим барои чи хест? "таи косса чи ним коссае ҳаст" . Чаро мақомоти қудрати сабаби ба эътироз хестани Абдуҳалим назарзодаро намегуянд? Он ро хоини миллат ва дигар номҳо мегузоранд? инҷо чизи дигаре нуҳуфтае ҳаст Ҷанобон...
Чанд кадаре,ки гурга хурон всё равно чангала нигох мекуна....

Шояд шумо суол ё назаре доред?