Қатли ваҳшиёнаи зани ҷавон дар Қурғонтеппа

Як зани 23-солаи шаҳри Қурғонтеппа бо 28 захм ба қатл расонида шудааст.
Дафтари матбуоти ВКД мегӯяд, шоми 3-юми сентябри соли равон аз заминҳои деҳаи Гулзори ноҳияи Бохтар, тахминан 200-метр дуртар аз роҳи мошингарди шаҳри Қурғонтеппа ҷасади зани шахсияташ номаълум, миллаташ маҳаллӣ, тахминан 25-30-сола, бо аломатҳои марги маҷбурӣ, яъне аз тарафи чапи гардан 22 захм ва аз тарафи қисмати рости бадан бо 6 захми халандаю буранда дарёфт гардид.
Тафтишот маълум кардааст, ки ин ҷасади зани 23-солаи сокини шаҳри Қурғонтеппа мебошад.
Дар ВКД мегӯяд, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор ду нафар ҷавон: сокини 21-солаи шаҳри Қурғонтеппа ва сокини 22-солаи ноҳияи Бохтар, ки қаблан бо моддаи 244 қисми 2 (дуздӣ)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон суд шудааст, муайян ва дастгир карда шуданд.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Шояд шумо суол ё назаре доред?