Ҳаёт Одинаев аз Ҳамадонӣ, Абдуғаффор Раҳмонзода аз Кӯлоб номзадҳои нави ҲХДТ

Абдуғаффор Раҳмонзода

Ҳаёт Одинаев, собиқ ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҳамадонӣ ва Абдуғаффор Раҳмонзода, раиси шаҳри Кӯлоб аз шаҳри Кӯлоб аз ҲХДТ номзад ба вакилӣ пешниҳод шудаанд.

Бино ба иттилои Усмон Солеҳ, раҳбари шӯъбаи иттилоот ва таҳлили ҲХДТ, номзадии Ҳаёт Одинаев дар ҷаласаи Комиҷроияи ҲХДТ дар ин ноҳия ва номзадии Раҳмонозода дар Кӯлоб тасдиқ шуд.

Ҳаёт Одинаев, аз соли 2005 то 2008 декани факултети иқтисоди ва идораи Донишгоҳи миллӣ, аз соли 2008 то соли 2011 вакили Маҷлиси намояндагон буд. Моҳи декабри соли 2011 ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таин шуд, моҳи августи соли 2012 аз мақомаш барканор шуд. Доктори илмҳои иқтисод мебошад.

Усмон Солеҳ ҳамчунин иттилоъ дод, ки ҲХДТ номзадҳои худ аз 4 ҳавзаи шаҳри Душанберо муайян намудааст.

Абдуғаффор Раҳмонозада аз январи соли 2012 раиси шаҳри Кӯлоб мебошад. Дар вазифаҳои муовини раиси вилояти Хатлон, муовини вазири рушди иқтисод, муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амвол кор кардааст.

- Аз ҳавзаи Исмоили Сомонӣ Гулнора Бобоева, сардори раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президент, аз ҳавзаи Сино,  Ҷамшед Саидов, раиси комиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, аз ҳавзаи Шоҳмансур, Сӯҳроб Шарипов, вакил ва аз ҳавзаи Фирдавсӣ Маҳмадалӣ Ватанов пешниҳод шудаанд,-иттилоъ медиҳад манбаъ. Инчунин, аз ҳавзаи Бобоҷон Ғафуров, Мавлуда Қаландарзода, муовини раиси Шӯрои адлия,  аз ҳавзаи Ваҳдат номзадии Ҷамшед Муртазоқулов, устоди Донишгоҳи миллӣ номзад пешниҳод шудаанд.

Ба гуфтаи Усмон Солеҳ дар назар аст, ки аз ҳавзаи Панҷакент Хусрав Абдуназаров, роҳбари ин шаҳр номзад шавад.

Инчунин, Ҳизби аграрии Тоҷикистон аз ҳавзаи Спитамен №25 номзадии Аҳмадҷон Қобилов, муовини раиси вилояти Суғд ва сарпарасти бахши кишоварзии ин вилоятро пешниҳод намудааст.

Copyright © 2015 TojNews

Назарҳо

Парлумони ояндаро худо зад бо чунин намояндахояш! Хайрият, ки хамин муйсафедони ХКТ хастанд, вагарна Точикистонро пур аз лакаю калуг мекунанд.

Шояд шумо суол ё назаре доред?