Маслиҳати Шӯрои уламо ба рӯзадороне, ки саҳар дар хоб мемонанд

Як корбари сомонаи Шӯрои уламои Тоҷикистон пурсидааст, ки агар дар вақти саҳархӯрӣ дар хоб монӣ, барои гирифтани рӯза чӣ бояд кард?
Дар посух ба ин суол масъулини Шӯрои уламо гуфтаанд, касе агар ба рӯза гирифтан тавон дошта бошад, рӯзаашро пурра кунад.
-Бародари азиз, шумо ба рӯза гирифтан тавон доред, дар ин ҳолат рӯзаатонро пурра кунед, рӯза бе кароҳият адо мешавад. Вале агар аз ҷиҳати гуруснагӣ ва ташнагӣ рӯзаатонро хӯрдед, қазо лозим мегардад, вале каффорат надорад, яъне баъди Рамазон фақат ҳамон рӯзро қазо медореду бас. (“Фатовои Раҳимӣ”, ҷ. 7, с. 246),"-омадааст дар фатвои Шӯрои уламо
Назарҳо
Шояд шумо суол ё назаре доред?