Медали тилои Хуршед Маҷидов, паҳлавони 17-солаи тоҷик дар Ӯзбакистон

Ду паҳлавони тоҷик дар Ҷоми Осиё оид ба дзюдо дар шаҳри Чирчик Ӯзбакистон барандаи медали тилои мусобиқа шудаанд.
Паҳлавони 17-солаи тоҷик Хуршед Маҷидов дар вазни +90 рақибонаш аз Қазоқистону Ӯзбакистон шикаст дода, барандаи медали тило ва парчами Тоҷикистонро баланд бардошт.
Варзишгари дигари тоҷик Илҳомҷон Ҳофиззода дар вазни -73 кило бо ғолиб омадан ба Эрмек Сариев, намояндаи Қирғизистон мақоми аввалро гирифт.
Дар соли равон ин сеюмин медали Хуршед Маҷидов аст, ӯ дар моҳи майи соли равон дар Ҷоми Аврупо дар миёни наврасон соҳиби медали тило пештар аз он дар Берлин соҳиби медали нуқра шуда буд.
Copyright © 2015 TojNews
Шояд шумо суол ё назаре доред?