Журналист Санҷар Ҳошимӣ 15 октябри соли 1990 дар деҳаи Рукнободи шаҳри Панҷекат чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.
Ӯ маълумоти ибтидоиро дар мактаби миёнаи №35 ба номи Бозор Шарифови ҳамин деҳа гирифта, пас аз хатми мактаб барои идомаи таҳсил озими...
Муҳиддини Музаффар аз рӯи асари Сорбон филм мебардорад
Интишор шуд: 3 августа, 2016 - 15:21

Созандагони филмҳои “Паймон” ва “12 соли интизорӣ” филми наверо аз рӯи асари Сорбон ба навор мегиранд.
Бино ба иттилои масъулини “Суғдсинамо”, филми нав бо номи “Армон” таҳи шуда, корҳои омодагӣ барои сабти он идома дорад.
Дар назар аст, ки моҳи сентябр сабти филм шуруъ шавад. Филми бо коргардонии Муҳиддин Музаффар таҳия мешавад.
Ин шашумин филми таҳиякардаи ин гуруҳи эҷодӣ мебошад. Гуруҳи эҷодии филми мазкур қаблан филмҳои ҳунарии “Ормонҳо” (2010), “Паймон” (2014), “Коса” (2015) ва филми ҳуҷҷатии “Духтари Сайҳун” (2015)-ро пешкаши тамошобинон кардааст.
Назарҳо
Шояд шумо суол ё назаре доред?