Журналист Санҷар Ҳошимӣ 15 октябри соли 1990 дар деҳаи Рукнободи шаҳри Панҷекат чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.
Ӯ маълумоти ибтидоиро дар мактаби миёнаи №35 ба номи Бозор Шарифови ҳамин деҳа гирифта, пас аз хатми мактаб барои идомаи таҳсил озими...
Нашри навори намозхонии Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои маносики ҳаҷҷи умра
Интишор шуд: 5 января, 2016 - 16:09

Хадамоти матбуоти Президент навори иҷрои маносики ҳаҷҷи умра аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамроҳонашро нашр кардааст.
Навори мазкур дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва видеопортали ютюб гузошта шудааст. Президент Эмомалӣ Раҳмонро зимни иҷрои маносики ҳаҷҷи умра ба ҷуз ҳайати расмии ҳукуматӣ ҳамсар ва духтараш Фирӯза ва Озода ҳамроҳӣ мекунанд. Маросими иҷрои маносики ҳаҷҷи умра ва намозхонии Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайаташ дар навори мазкур намоиш дода шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон 2-юми январ бо сафари расмӣ ба Арабистони Саудӣ сафар карда буд.
Copyright © 2016 TojNews
Назарҳо
Шояд шумо суол ё назаре доред?