Номаи кушодаи Қироншоҳ Шарифзода ба Фелалиев ва Салимзода

Қироншоҳ Шарифзода

Номаи кушод ба вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Фелалиев Акрамшо Саидшоевич ва раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Салимзода Олимҷон

Вакилони муҳтарам, албатта, аз навиштаҳои расонаҳои хабарӣ тӯли ҳафтаи охир оид ба тағйиру иловаҳои аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳодшаванда ба Қонуни ҶТ «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» огоҳ ҳастед. Мусаллам аст, ки ҳамагуна қонун, аз ҷумла қонуни мазкур, санади тағйирнопазир нест ва таҳаввулу такомули ҷомеа зарурати ислоҳу такмили қонунгузориро ба миён меоварад. Вале ростӣ, тағйиру иловаҳои пешниҳодшаванда бинобар мубҳамӣ ва моҳиятан муғойирӣ ба руҳи Қонуни амалкунандаи матбуот, водор месозад ба баҳс пардозем.

Ба ҳайси як тан аз намояндаи ҷомеаи журналистӣ, ки аз раванди қариб сесолаи таҳия ва қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» огоҳ будаву ба сарнавишти Қонуни мазкур ва ҳам матбуоти даврӣ масъулияти маънавӣ ба дӯш дошта, ба шумо, ташаббускорону муаллифони аслии Қонуни дар таҳрири нав қабулшуда (19 марти с. 2013), муроҷиат дорам. 

Мо, аҳли матбуот, кӯшишу талошҳои ба харҷ додаи шумо, вакилони муҳтарамро, ки дар рафти муҳокимаи тӯлонии лоиҳаи Қонун баҳри ҳаддалимкон роҳ надодан ба саддҳои қонунӣ ба фаъолияти озоди матбуоти даврӣ, дар ёд дорем. Ҳамчунин гуфтанист, ки фаъолияти озоди журналистон дар тӯли қариб се соли амали Қонуни матбуот, аз муносибати хайрхоҳонаи Парламенти Тоҷикистон, ки аз эҳсосу дарки рӯҳияи демократӣ бахшидан ба Қонуни мазкур бар омада, бо дархосту пешниҳодоти ҷомеаи журналистӣ ҳамнавост, замина мегирад. 

Фикр намекунем, ки назорати давлатӣ ба фаъолияти ниҳодҳои ВАО-ро касе инкор намояд, вале шумо беҳтар аз мо медонед, назорат то назорат фарқ дорад. 

Биёед, бар асоси пешниҳодҳои ҳукуматӣ мулоҳиза ронем. Муаллиф (он)-и пешниҳоди иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» амалашонро «бо мақсади беҳтар кардани назорат оид ба фаъолияти воситаҳои ахбори омма ва таъмину таҳкими амнияти иттилоотӣ» тавзеҳ медиҳанд, ки ҳамоно гумону саволҳое пеш меоварад. Гумони ғолиб ҳадафи «беҳтар кардани назорат» - и чанд нашрияҳои мустақил мебошад, ҳол он ки ҳеч кадоме аз онҳо аз назорати қонун берун набудаву хилофи манфиатҳои давлату ҷомеа ҳарфе нагуфтаанд. Баръакс, дар марҳилаҳои ҳассоси муносибатҳои байналмилалӣ нашрияҳои мустақил ба ҳимояи манфиатҳои давлату миллат бархоставу ҳатто аз нашрияҳои расмии давлатӣ дида, ба ҳукумат наздиктар будаанд. Ҳамчунин набояд нодида гирифт, ки мавҷудият ва фаъолияти нашрияҳои мустақил дар Тоҷикистон имрӯз яке аз нишондиҳандаҳои ҷонибдори чандандешии сиёсӣ будани давлат ҳисобида шуда, ба афзудани имиҷи байналмилалии давлати Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Дар ҷавоби саволҳое - Оё дар ин се соли амали Қонуни мазкур назорат ба фаъолияти ВАО суст буд? - Оё фаъолияти «камназорати» ҳамон чанд нашрияҳои мустақил набуд, ки баҳри таҳкими амнияти иттилоотии кишвар бештар саҳим ҳастанд? ба фикрам, ашхоси алоқаманди матбуоти даврии тоҷик ҷавоби саҳеҳу дақиқи худро доранд. 

Аз ин бобат суханро ба дарозо намекашем, зеро ҳамкасбонамон аз ҳафтаномаи «Нигоҳ» рози дили аҳли матбуотро батафсил навиштанд (лутфан муроҷиат шавад: «Нигоҳ», №43 (476). Чоршанбе, 26-уми январи соли 2016).

Барои онҳое, ки салоҳияти мақоми ваколатдори баҳисобгирии воситаҳои ахбори оммаро дар Қонуни амалкунанда номуайян меҳисобанд ва ҷонибдори ба он вогузоштани ваколатҳое (на салоҳият) низ ҳастанд, тавсия менамоем аввалан, ба сархати 2-юми моддаи 11-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» таваҷҷуҳ намоянд, ки салоҳияти мақоми мазкурро «баҳисобгирии давлатии воситаҳои ахбори омма бо мақсади пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии баҳисобгирии воситаҳои ахбори омма, таъмини шаффофияти фаъолият ва ҳифзи манфиатҳои онҳо» меҳисобад, на назорати онҳо. Баъдан, набояд фаромуш сохт, ки «мақоми ваколатдори баҳисобгирии ВАО» тибқи Қонуни амалкунанда «мақоми ваколатдори бақайдгирии давлатии ВАО» нест ва мантиқан низ наметавонад ваколати боздоштани фаъолияти ВАО-ро ба дӯш дошта бошад, тавре ки дар иловаи Моддаи 12-1 пешниҳод мегардад.

Чунин ваколатро агар муаллифони пешниҳоди иловаҳо зарур меҳисобиданд, бояд ба уҳдаи «мақоми ваколатдори бақайдгирии давлатии ВАО» вомегузоштанд, вале чӣ гӯем, ки онҳо фишанги (механизми) назораткуниро дар қонунҳои ҳамноми баъзе ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ бо ҳавас дидаанду шояд бо муқаррароти Қонуни ҶТ «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» муқоиса накардаанд. Вагарна, медиданд, ки ваколати назорат бар фаъолияти воситаҳои ахбори омма ва боздошти фаъолияти ВАО дар қонунҳои соҳавии дигар ҷумҳуриҳои ҳамсоя, аз ҷумла Россия (м.16-и Қонуни Федератсияи Россия «Дар бораи ВАО») ва Туркманистон (м.13-и Қонуни Туркманистон «Дар бораи ВАО»), ба зиммаи муассис ва суд бо даъвои мақоми ваколатдори бақайдгирии давлатии ВАО вогузор гардидааст, на ба дӯши «мақоми ваколатдори баҳисобгирии ВАО» ё Прокурори генералӣ ва прокурорҳои тобеи ӯ, тавре муаллифони иловаҳо мехоҳанд. 

Аз тарафи дигар, муқоиса ҳам мекарданд, гумон буд, мавҷуд набудани ибораи «Мақоми ваколатдори бақайдгирии давлатии ВАО» дар лабиринти Моддаи 10-и Қонуни мазкур, оид ба ин масъалаи «калобаи саргум» фаҳмиши мушаххасе бахшад. Дарвоқеъ, ёдатон бошад вакилони муҳтарам, масъалаи бақайдгирии давлатӣ ва ё сабти расмии нашрияҳо, ҳангоми муҳокимаи лоиҳаи Қонун аз мавзуъҳои баҳсбарангез буд ва бо вуҷуди мутақоид сохтани вакилони дар Гуруҳи корӣ будаи МН, дархосту пешниҳоди ҷомеаи журналистӣ дар мавриди аз баҳри институти бақайдгирӣ баромадан ва гузаштан ба огоҳ намудани мақомоти назоратии давлатӣ аз таъсиси нашрияҳо, «нагузашт».

Дархости мо аз воқеияти рӯз бармеомад, чун ҳоло дар Тоҷикистон ниҳоди ягонаи давлатии ваколатдори бақайгирии ВАО вуҷуд надорад ва вобаста ба навъу намуди нашрияҳо се ниҳод - Вазоратҳои адлия (барои шахсони ҳуқуқии нашрияҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбӣ), «Равзанаи ягона» (барои шахсони ҳуқуқии нашрияҳои тиҷоратӣ) ва Вазорати фарҳанг (барои нашрияҳои ғайритиҷоратӣ) бо ин кор машғуланд. Чунин ҳолат аз як сӯ бесарусомониҳоеро дар сабти номи расонаҳои гуруҳӣ ба миён оварда бошад, як сӯи дигар баҳисобгирии онҳо барои дар Феҳристи ягона ҷой додан мушкилӣ эҷод карда, ниҳоят барои дархости ворид намудани тағйирот ба Қонуни матбуот такон бахшидааст. 

Бо вуҷуди ин, сархати 4-уми моддаи 10-и Қонуни матбуот барҳамдиҳии воситаҳои ахбори оммаро ба «тартиби муайяннамудаи қонунгузории ҶТ» муайян менамояд, ки чунин меъёр дар таҷрибаи қонунтаҳиякунӣ ҳолати муқаррарӣ аст. 

Хуб, аз он ҳам бигзарем ва «Мақоми ваколатдори баҳисобгирии ВАО»-ро ба ҷойи «Мақоми ваколатдори бақайдгирии давлатии ВАО» тасаввур намоем. 
Дар ҳамин ҳол, сархати 1-уми Моддаи 12-1 –и пешниҳодшавандаро метавон таҳаммул кард, вале сархатҳои 2-юму 3-юми он, ки прокурорҳо ба Мақоми ваколатдори баҳисобгирии ВАО дар мавриди бартараф намудани қонуншиканиҳои ин ё он ВАО бо муқаррар намудани муҳлат, огоҳномаи хаттӣ фиристода, дар ҳолати бартараф нашудани қонуншиканиҳо, ба муҳлати то се моҳ боздоштани фаъолияти ВАО-ро тақозо менамоянд, нусхабардорӣ аз Қонуни матбуоти даврони Шӯравӣ дар шакли вайроншудааш асту бас.

Гузашта аз ин, дар иловаҳои пешниҳодшаванда ҷой надоштани меъёри шикояти судии қарор дар бораи боздоштан ва манъи фаъолияти воситаҳои ахбори омма боиси ташвишу изтироб аст. Ҳол он ки мавҷуд будани чунин муқаррароти қонун мувозанати меъёрҳои ҳуқуқиро таъмин намуда, умедро ба адолати судӣ қавӣ сохта, пайравии давлату ҷомеаро аз арзишҳои демократӣ таъкид менамояд.

Вакилони муҳтарам, бо ибрози мулоҳизоти боло, бинобар ба руҳи демократии Қонуни амалкунанда созгор набудан, иловаҳои пешниҳодшавандаи Ҳукуматро ба Қонуни ҶТ «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» наметавон қобили қабул ҳисобид. Вале агар шумо ҳам бо нокомил ҳисобидани муқаррароти ба фаъолияти озод ва рушди матбуоти даврии муосир мусоидаткунандаи Қонуни ҶТ «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», илоҷи беҳтар кардани назорати фаъолияти воситаҳои ахбори оммаро дар боздоштан ва манъ намудани фаъолияти онҳо мебинед, пас, бо пешниҳоди тарҳи иловаҳо ба Моддаи 10-и Қонуни амалкунандаи матбуот, бар ивази иловаҳои ҳукуматӣ, ба нома нуқта мегузорам.
«Моддаи 10-1. Тартиби боздоштан ва ё қатъи фаъолияти воситаҳои ахбори омма

Фаъолияти воситаҳои ахбори омма дар ҳолатҳои зайл боздошта ва ё қатъ карда мешавад:

- бо қарори Муассис;

- бо ҳалномаи суд, ки бар асоси даъвои мақоми давлатии бақайдгирандаи воситаи ахбори омма дар натиҷаи вайрон шудани муқаррароти Моддаи 6-и Қонуни мазкур, содир мегардад.

«Моддаи 10-2. Тартиби шикоят дар бораи қарори боздоштан ва ё қатъи фаъолияти воситаҳои ахбори омма

1. Шикоят дар бораи қарори боздоштан ва ё қатъи фаъолияти воситаҳои ахбори омма мутобиқи тартиби муайяннамудаи қонунгузории ҶТ сурат мегирад.

2. Мухолифи қонун эътироф гардидани қарори суд дар бораи боздоштан ва ё қатъи фаъолияти воситаҳои ахбори омма, бекор ҳисобидани қарорро ба дунбол дорад. Бо бекор ҳисобидани қарор дар бораи боздоштан ва ё қатъи фаъолияти воситаҳои ахбори омма, зарари ба субъектҳои бо таҳия, омода ва интишори иттилоот машғулбуда расида, мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории ҶТ ҷуброн карда мешавад.

Бо эҳтиром: Қироншоҳи Шарифзода,
раиси Ташкилоти ҷамъиятии «Журналист».

Copyright @2016 TojNews

 

Назарҳо

Агар аз боло фармон набошад, Фелалиев ва Салимзода сухани Шарифзодаро кабул мекунанд, баръакси хол, онхо хам аз аз курсии гарму нармашон махрум шудан намехоханд. Вале ин мардони бохирад медонанд, ки агар матбуоти мустакил буги шавад, майдони коррупционерону мансабдорони дастдароз хеле васеъ, вале холи чомеа табох хохад шуд.
Фикр мекунед ин ду депутат чавоб медиханд??? Не! Харгиз не. Зеро шарманда мешаванд
Ба бархати 2-юми моддаи 11-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» таваҷҷуҳ намоед, ки салоҳияти мақоми мазкурро «баҳисобгирии давлатии воситаҳои ахбори омма бо мақсади пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии баҳисобгирии воситаҳои ахбори омма, таъмини шаффофияти фаъолият ва ҳифзи манфиатҳои онҳо» меҳисобад, на назорати онҳо! Ташаккур, Устод Қироншо Шарифзода!

Шояд шумо суол ё назаре доред?