"Номи ту бошад дар лабам" – видеоклипи ҷадиди Садриддин бо Ғизол Иноят (Видео)

Видеоклипи ҷадиди овозхони тоҷик Садриддин Наҷмиддин бо Ғизол Иноят, сарояндаи хушноми Афғонистон ба бозор баромад.
31-уми март дуэти тозаи Садриддин Наҷмиддин ва Ғизол Иноят бо номи “Номи ту бошад дар лабам”-ро аз ҷониби коргардон Ромин Мансур дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузошта шудааст.
Ин дуэт пас аз бозхонии таронаи “Ҷони ман”-и марҳум Кароматуллои Қурбон аз ҷониби Садриддин ва Ғизол ба навор гирифта шудааст. Садриддин Наҷмиддин бо Ғизол Иноят дар рӯзҳои 20, 21 ва 22 март бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Душанбе консерти муштарак доштанд.
Видеоклипи "Ҷони ман"-и Садриддин бо Ғизол Иноят, ки моҳи августи соли гузашта дар видеопортали ютюб гузошта шудааст, то ҳол наздик ба 2,5 миллион нафар тамошо кардаанд.
Copyright @2016 TojNews
Назарҳо
Шояд шумо суол ё назаре доред?