Нозияи Кароматулло духтарча таваллуд кард

Нозияи Кароматулло,овозхони шинохтаи тоҷик соҳиби духтарчаи нахустин шуд.
Наздикони Нозия ба TojNews гуфтанд, ӯ 7-уми декабр дар шаҳри Душанбе таваллуд кардааст. Вазни духтарчааш 3,2 кг буда, қадаш 52 см мебошад. Наздикони овозхон мегӯянд, вазъияти Нозия ва духтарчааш хуб буда, ҳоло онҳо барои тифл номи муносиб меҷӯянд.
Нозияи Кароматулло, духтари овозхони шинохта марҳум Кароматуллои Қурбон яке аз овозхонҳои шинохтаи эстрадаи тоҷик буда, соли 2010 ба рӯи саҳна омадааст. Дар солҳои нахустини ба саҳна омаданаш аллакай ӯ ҳамроҳи бародараш Муҳаммадрофеи Кароматулло дар саҳнаи эстрадаи тоҷик маъруфияти зиёде касб карданд.
Ин ду овозхон ҳамасола 29-уми ноябр дар рӯзи зодрузи падарашон Кароматуллоҳи Қурбон консерти худро барпо мекунанд. Аммо дар соли равон Муҳаммадрофеи Кароматуллоҳ худаш танҳо консети мазкурро баргузор карда, гуфта буд, ки хоҳараш интизори фарзанд аст. Дар бораи кай ба саҳна баргаштани Нозия наздиконаш мегӯянд, ӯ тасмими аниқ нагирифтааст.
Нозияи Кароматулло 7-уми феврали соли 1988 дар оилаи Кароматуллоҳи Қурбон, овозхони шинохта тоҷик ба дунё омада, соли 2005 мактаби мусиқии ба номи Малика Собироваро хатм кардааст. Баъдан таҳсилашро дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон дар курси академии дипломӣ оид ба вокал ва рақс идома дода, соли 2007 дар озмуни рақси классикии “Катак” дар ин кишвар ғолиб баромадааст.
Соли 2010 Нозия Консерваторияи Ҳиндустонро бо дипломи сурх хатм намудааст.
Copyright @2015 TojNews
Назарҳо
Шояд шумо суол ё назаре доред?