Обид Шакурзода: ЗИҲӢ ЭРОН БА ИН ФАРЗАНДУ БА ИН НОМИ БАЛАНД! 

Имрӯз – 25 урдибиҳишт (15 май) рӯзи бузургдошти Абулқосими Фирдавсӣ, ҳакими фарзонаи Тӯс, шоҳпури назми порсӣ ва аз ахтарони адабиёти ҷаҳон аст.
Фирдавсии покзод (таъбири Шайх Саъдӣ) бо навиштани «Шоҳнома» дар фарҳангу таърихи куҳансол ва пурмояву жарфи сарзамини номвари мо – Эронзамин, руҳу ҷони тозае дамонд. Акнун ҳазор сол аз иншои «Шоҳнома» мегузарад, аммо «Шоҳнома» ҳамоно тозаву нав, мисли хуршеди ҷаҳонтоб боғи дилҳоро партавафшон мекунад ва аз арзандагию гаронмоягии «Шоҳнома» чизе каму кост нашудааст. Балки то рӯзгор бар он ҳар андоза мебигзарад, ҷойгоҳи баланду фазилати арҷманди он назди ҳамагон – аз умум то афрод, ба вижа, назди хирадмандону фарҳехтагон, муҳтарамтар мегардад.
 
«Шоҳнома» дарёест саршор аз донишҳову огоҳиҳои гуногун, ки дар миёни онҳо метавон аз ҷусторҳое чун: таърихи пайдоиши тамаддун, инсону табиъати пиромунаш, шаҳророӣ ва рустоободӣ ва пизишикию мумиёӣ ва ҷуғроифёию ҳикмату фалсафа ва мусиқию ойинҳои миллию динию кишвардорӣ ва панду андарзу забоншиносию адабиёту сухангӯйиву даҳҳову садҳо гунаи дигар ёд кард. «Шоҳнома» натанҳо яке аз сарбаландиҳои ҳамешагии фарҳанги Эронзамин аст, балки яке аз гаронмоятарин ва пурарҷтарин чакидаҳои андешаи волои ҳама мардуми гетӣ дар дарознойи таърих мебошад. Бар ин бино, «Шоҳнома» барои ҳамаи мо – аз дарвешу уммӣ гирифта то мударрису олиму кабиру вазиру амир дар ҳар давр, муътабар аст ва тақрибан тамоми бузургони адаби мо пас аз Фирдавсии покзод (ҳамчун Низомию Аттору Мавлонову Ҳофизу Ҷомӣ...), мустақим ва ё ғайри мустақим аз «Шоҳнома» мояву илҳом гирифтаанд.

Аз ин миён шояд ҳич кудом ҳамчун Шайх Саъдии Шероз нисбат ба ин абармарди таърихи мо иродату ихлоси бузург намоиш надодааст. Шайх Саъдӣ «Бӯстон»-ро ҳамвазн ба «Шоҳнома» (дар баҳри мутақориби маҳзуф) суруд, аммо на дар боби пархошу ҷанг, балки бо ҷаҳони ормонии хеш, дар партави фарҳанги инсонсози форсӣ. Дар осори Саъдӣ, аз ҷумла дар «Гулистон» ва «Бӯстон» инъикоси мазмунҳои «Шоҳнома»ба таври қобили мулоҳаза намоён аст. Ва ҳатто Шайхи Шероз бо он нубуғу табъи беназире, ки дар сухан дорад, гоҳе ҳам бо камоли ифтихор гуфтори Ҳакими Тӯсро пирояи осори худ кардааст. Масалан ин гуна (дар «Бӯстон»): 

Чӣ хуш гуфт Фирдавсии покзод!
Ки раҳмат бар он турбати пок бод: 
«Маёзор мӯре, ки донакаш аст, 
Ки ҷон дораду ҷони ширин х(в)аш аст»! 

Яъне Шайх Саъдӣ аз рӯйи иродату иҳтиром дуъо мекунад, ки борони раҳмати Ҳақ хоки (турбати) поки Фирдавсиро шодобу муаттар гардонад. Саъдӣ худ бузургустоди каломи бадеъ аст ва дар сухану ҳикмату дониш ба ҳадде мартаба дорад, ки паямбари сухан унвон гирифта, аммо бо чунин мартабати рафеъ афзал медонад ва ифтихор менамоёнад, ки гуфтори гавҳаринаш бо нақли қавле аз суханони ҳакими фарзонаи Тӯс пироя гирад. Дар ду шоҳкори ҷаҳонии Саъдӣ – «Гулистон» ва дар «Бӯстон», ҳар гоҳе аз «Шоҳнома»-и бемисолу безавол шамиме мевазад ва сирати тимсолҳои барҷастаи «Шоҳнома» ба нишони ибрат ва гоҳе ҳам бо таҳсину тамҷид бознамоӣ мешаванд, ба монанди Ҷамшеди фаррухсиришт, Фаридуни фарзона, Заҳҳоки мордӯшу Дорои фаррухтабор, Золи Дастону Рустами гурд, Афросиёбу Гургин, Баҳману Исфандёр, Нӯшинравони одилу некрой, Шопуру Хусраву Шерӯя. Яъне ин таъкид барҳақ аст, ки «Шоҳнома» афсона нест, «Шоҳнома» на ривоятнома ё таърихбофӣ аст, балки номаи накӯи руҳпарварест, ки аз ганҷури бебаҳои хираду донишу ҳунару ҳикмати инсонии аҷдодони фарзонаи мо бо ойину дину қавонини арҷманди башар, аз ҷониби бузургмарде бо номи Абулқосими Фирдавсӣ бо сатрҳои заррин ороста шуда ва шайхи Шероз бо чунин маҳаббату гиромидошт аз ин ганҷи шоён баҳра бардошта, моро ҳам раҳнамуни боргоҳи пуршукӯҳи он мегардонад. Хушо ба он қавм, ки аз шоҳкорҳое ҳамчун Шоҳномаҳову Бӯстонҳову Гулистонҳо бархурдоранд!

Шояд шумо суол ё назаре доред?