Оршавин: “Аз Нигина Амонқулова узр мепурсам”

Овозхони эронӣ, ки барои “дуздӣ” – и таронаи “Дар оғӯши ту мемирам” – и Нигина Амонқулова муттаҳам мешуд, узрхоҳӣ мекунад.
Алии Зореъӣ, мулаққаб ба Оршовин, тайи як тамоси катбӣ тариқи интернет ба TojNews гуфт, ин таронаро яке аз дӯстони эрониаш ба ӯ тақдим карда, огоҳ накардааст, ки оҳангу шеър ба кӣ тааллуқ дорад. Вай мегӯяд, қабл аз ин ки оҳангро бихонад, намедонист, ки оҳанги хонуми Нигина мебошад, аммо пас аз он ки оҳанг мунташир шуд, фаҳмид, ки ин оҳанг тоҷикӣ буда ва хонуми Нигина онро хондааст. “Ин ҷо ман аз хонуми Нигина маъзаратхоҳӣ мекунам” – менависад Оршовин. Ва тариқи TojNews узри худро ба Нигана Амонцулова расонданӣ аст
Қаблан расонаҳо аз қавли Тобиш Ҳилолӣ ва Нигина Амонқулова хабар дода буданд, ки овозхони эронӣ бидуни иҷозаи онҳо таронаи "Дар оғӯши ту мемирам"- ро на фақат хонда, балки номи муаллифони матну оҳангро ҳам тағйир додааст. Аз ин хотир, онҳо мехоҳанд Оршовинро ба додгоҳ кашанд.
Муаллифи оҳанг Тобиш Ҳилолӣ ва соҳиби матн - Мирзоҳусайни Бадалипур, мутахаллис ба Меҳрвар аст. Аммо Оршовин матни сурудро аз Ойсон Ибодӣ ва оҳангашро аз Фарзод Адҳамӣ муаррифӣ кардааст.
Зимнан, он чӣ дар ин тарона аз Эрон аст, мисраи аввал - “Дар оғӯши ту мемирам” аст, ки ба шоири маъруф Нодири Нодирпур тааллуқ дорад ва шоири тоҷикро таҳрик додааст. Ин, ки мисраъи аввали ин шеър ба шоири эронӣ тааллуқ дорад, низ нав ошкор мешавад.
Ин бори нахуст нест, ки баҳси “аз ману аз ту” миёни овозхонони тоҷик ва эрониву афғон ба миён меояд. Соли гузашта миёни Баҳром Ғафурӣ ва Валӣ, овозхони афғон сари ду тарона баҳси муаллифӣ ба миён омад. Валӣ таронаҳои “Дар ин замона” ва “Ҳамсоядухтар” – ро бозхонӣ карда, бидуни ҳеҷ навоварӣ онҳоро ба худ мутааллиқ донист. Валӣ маъзартхоҳӣ кард.
Соле пештар нафароне хостори ба додгоҳ кашида шудани Моҳира Асалхӯҷаева, овозхони ӯзбакистонӣ барои бозхонии таронаи “Наравад” – и Шабнами Сурайё шуда буданд.
Солҳои охир чунин маворид зиёд иттифоқ меафтад, ки ҳатто ба “дуздидан” - и сенарияи клипҳо овозхонон муттаҳам мешаванд. Ва коршиносон инро ҳам зикр мекунанд, мардуми минтақаи мо фарҳанги хеле наздик ва ҳатто муштарак доранд ва тайи таърих даҳҳо таронаву оҳанг аз ин ба ин халқ интиқол ёфта, “худӣ” шудаанд. Ба қавли онҳо, ҳоло низ ҳамон раванд идома дорад, аммо асри фанновариҳои нав воқеиятҳои худро дорад.
Таронаи Нигина Амонқулова:
Таронаи Оршовин:
Copyright © 2015 TojNews
Назарҳо
Шояд шумо суол ё назаре доред?