Ойниҳол Бобоназарова: Вақте сарбозеро лату кӯб мекунанд, ӯ Ватанро ҳимоя намекунад

26-уми июн дар шаҳри Душанбе ҳамоише ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи қурбониёни шиканҷа баргузор шуд. Дар он фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳуқуқшиносон ва онҳое, ки пайвандонашон аз шиканҷа осеб дидаанд ё фавтидаанд ширкат доштанд. Хабарнигори TojNews дар ин ҳамоиш дар сӯҳбат аз Ойниҳол Бобоназарова, раҳбари Созмони ҷамъиятии “Перспектива+” ва ҳуқуқшиноси маъруф пурсид, ки дар Тоҷикистон то куҷо сатҳи шиканҷа коҳиш ёфтааст?

Ойниҳол Бобоназарова: Вақтҳои ахир Эътилофи зидди шиканҷа барои аз байн бурдани ин падидаи номатлуб корҳои зиёдеро анҷом дод. Сафарҳои масъулини СММ оид ба шиканҷа то як андоза барои кам шудани шиканҷа дар Тоҷикистон таъсири худро расонд. Чун пештар мегуфтанд, ки дар Тоҷикистон умуман шиканҷа нест, агар ҳолатҳои шиканҷа ба қайд гирифта мешуд онро ба сӯистифода аз мансаб рабт медоданд.

Муносибати ҷиддии Эътилофи зидди шиканҷа ва ҳам расонаҳои мустақил ба ин масъала таҷаҷҷӯҳи мақомотро низ ҷалб кард, ки пешравие ба назар мерасад.

TojNews: - Агар имкон бошад, мушахасан бигӯед, ки чӣ пешравӣ ба миён омад?

Ойниҳол Бобоназарова: - Ҳамин, ки бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оид ба шиканҷа як моддаи махсус ворид кардаанд, худ пешравӣ аст. Аз ҷониби дигар, баёнгари вуҷуд доштани шиканҷа мебошад. Инчунин чандин қарорҳои судӣ мавҷуданд, ки нафарони даст ба шиканҷа зада гирифтори ҷазо шуданд.

TojNews: - Дар чанд вақти охир на дар мақомоти тафтишотиву интизомӣ, балки бештар ҳолатҳои шиканҷа ва зӯроварӣ дар қисмҳои ҳарбӣ мушоҳида мешуд. Намунааш Шаҳбол Мирзоев ва наваскаре, ки чанде пеш дар қисми низомии воқеъ дар Конибодом ба ҳалокат расид...

Ойниҳол Бобоназарова: - Қувваҳои мусаллаҳ ин як сохторе аст, ки дастрасӣ ба шаффофияти он хеле мушкил аст.  Вақте ҷавони 18-соларо дар онҷо латукӯб мекунанд дар вай як тарс пайдо мешавад. Ин гуна ҷавонон латукӯб шудани худро то замоне, ки сахт захмдор шуда бистарӣ нашаванд, ба ҳеч кас намегӯяд. Ин як анъана шудааст бо номи “дедовшина” ва наваскарон гумон мекунанд, ки ҳамин чиз бояд бошад. Наваскарон гумон мекунанд, ки агар кӯҳнааскарон онҳоро як-ду-се мушт занад, ҳеҷ гап нест. Аммо вақте ҷавонро чунон мезанад, ки мемирад ё сахт ҷароҳат мебардорад, баъд ҷомеа хабардор шуда, журналистон аз пайи он мешаванд. 

Вақте дар милитсия ҳолати шиканҷа сурат мегирад, адвокат дар назди боздошшуда ҳаст ва ба воситаи адвокат боздоштшуда имкон дорад, қазия расонаӣ шавад. Аммо дар назди сарбоз ҳеч касе нест  ва то аз шиканҷа шудани он ҷомеа огоҳ шавад. Замоне хабари шиканҷа раоснаӣ мешавад, ки алакай, ҳатто дер шудааст.

Вақтеро сарбозеро лату кӯб мекунанд, мутмаин бошанд, ки ин нафар ватанро ҳимоя намекунад. Ҷиноятҳои марбут ба шиканҷа ба муқобили як нафар не, ин хиёнат ба ватан аст. Вақте ягон нафар ҷиноят содир мекунад ин як масъала аст, аммо вақте шахсе ҷиноят мекунад, ки вазифаи вай ҳимояи инсон аст, масъала ранги дигар мегирад. Барои ҳамин мо пешниҳод кардем, ки ҷинояти шиканҷа яке аз ҷиноятҳои вазнин эълон шуда, барои ашхоси бо чунин ҷиноят зиндоншуда қонуни авф татбиқ карда нашавад. Дар ин бора чандин бор Эътилофи зидди шиканҷа ба мақомоти дахлдор муроҷиат кард, ки аз қонун оид ба авф бахшидани афроди ба шиканҷа зиндоншуда бардошта шуда, дар қонун махсус зикр шавад, ки шахсоне, ки шиканҷа мекунанд мавриди авф қарор намегиранд. Аммо мутаассифона дар Тоҷикистон афроде, ки шиканҷа мекунанд авф мешаванд. Мо талаб дорем, ки набояд онҳо авф шаванд.

 TojNews: - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар қисмҳои ҳарбӣ мониторинг гузаронид. То куҷо ба шаффоф будани ин мониторинг метавон бовар кард?

Ойниҳол Бобоназрова: - Ин масъала ба он вобаста аст, ки Омбудсмен то чи ҳад ба ин масъалаҳо таваҷҷӯҳ дорад. Мо надидем, ки аз тарафи Омбудсман ягон изҳорот пахш шуда бошад оид ба ҳуқуқи инсон. Ё надидаем, ки он нафар дар парламент оид ба шиканҷа, муҳоҷирати меҳнатӣ ва ғайра сухаронӣ карда бошад. Омбудсмен як инситуте ҳаст, ки дар Тоҷикистон вуҷуд дорад, аммо дар амал мо фаъолияти ҷиддии онро намебинем. 

Copyright © 2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?