Парламент тарҳи баҳсбарангези тағйирот ба қонуни матбуотро қабул накард

Парламенти Тоҷикистон тарҳи баҳсбарангези тағйиру иловаҳо бо қонуни матбуотро рад кард.

3-юми феврал Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон пешниҳоди тағйиру иловаҳо ба Қонун “Дар бораи матбуоти даври ва дигар ВАО”-ро, ки аз ҷониби вазорати фарҳанг пешниҳод шуд, пас гардонд.

Ҳамин тавр Маҷлиси намояндагон пешниҳод барои тағйиру иловаҳо, аз ҷумла ба моддаи 12-1, банди 3-ро рад кард. Тибқи пешниҳоди мазкур дар сурати қабул шуданаш: “Агар дар мӯҳлати муайяншуда қонуншиканиҳое, ки асоси баровардани амри хаттӣ ё огоҳиномаи хаттӣ гаштаанд, бартараф карда нашаванд, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё прокурорҳои тобеи ӯ метавонанд ба мақоми ваколатдори баҳисобгирии воситаҳои ахбори омма дар хусуси боздоштани фаъолияти воситаҳои ахбори омма бо ариза муроҷиат намоянд. Дар ин маврид мақоми ваколатдори баҳисобгирии воситаҳои ахбори омма ҳуқуқ дорад фаъолияти воситаҳои ахбори оммаро ба мӯҳлати то се моҳ боздорад” (тағйирот  ба моддаи 12-1, банди 3).

Ҷомеаи журналистии Тоҷикистон  ин пешниҳодро маҳдуд кардани озодии баён дар Тоҷикистон маънидод, карданд зеро ба мақомоти баҳисобгирии ВАО ва прокуратура имкони манъ кардани фаъолияти дилхоҳ расонаҳоро дода, амалан пиёдагардонии тартиби ғайрисудии манъи кору фаъолияти ВАО-ро фароҳам мекард.

Шукурҷон Зуҳуров низ дар ҷаласаи парламент гуфтааст, “он меъёрро, ки прокуратура метавонад мавод омода кунад, онро мақомоти баҳисобгиранда пешниҳод намояд ва Вазорати фарҳанг то се моҳ метавонад фаъолияти расонаро мутаваққиф кунад, мо инро қабул накардем”. 

Ба гуфтаи Зуҳуров, “ин масъала мисли ҳар аризаи сокинон дар додгоҳ баррасӣ хоҳад шуд. Ҳоло тарҳ иваз шудааст ва набояд рӯзноманигорон хавотир бошанд”.

Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон, ки барои муаррифии тарҳи баҳсбарангез ба парламент ҳозир шуда буд, ба суоли Зуҳуров дар бораи он, ки назари ҷомеаи журналистӣ ба назар гирифта шудааст ё не, посухи мушаххас дода натавонист.

Бо даъвати Шукурҷон Зуҳуров хабарнигори хабаргузории “Азия-Плюс” Аваз Юлдошев бо намояндагӣ аз расонаҳои кишвар дар назди вакилон гуфтааст, тарҳи мазкур бидуни ҳамоҳангӣ бо рӯзноманигорон пешниҳод шудааст.  “Ҳатто, - гуфтааст ӯ, - ба парламент ҳам ворид шуд, ягон иттилои дақиқ дар бораи он ба хабарнигорон дастрас нашуд. Ин боис ба миён омадани нофаҳмиҳо шуд”.

Copyright @2016 TojNews

Назарҳо

Худи Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон собикаи кории журналисти дорад. Ман аз бегонагон харгиз нанолам.
ЯКТА ОДАМИ РОСТ КОРАМ БУДАСТ ДАР ТОЧИКИСТОН
ееее ман нав фахмидам ки аъзоёни МН аз журналистон метарсидааст... савол чарооооо. посух мехохам.

Шояд шумо суол ё назаре доред?