Сабти номи сайёраи нав ба номи “Тоҷикистон”

1-уми сентябр президенти Академияи илмҳо Фарҳод Раҳимӣ ба Президент Эмомалӣ Раҳмон дар Шаҳодатномаи расмии cайёраи “Тоҷикистон”-ро тақдим кард.
Бино ба иттилои президенти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, Ин шаҳодатномаи расмӣ ба хотири саҳми назарраси олимони тоҷик дар рушди астрофизикаи ҷаҳонӣ ва омӯзиши ҷирмҳои осмонӣ аз ҷониби Иттиҳоди байналмилалии астрафизикон ба Тоҷикистон супорида шудааст.
Ин сайёраи хурди системаи офтобӣ ба номи “Тоҷикистон” таҳти рақами 24-69 сабти ном шуда, тавассути донишмандони бахши астрофизикии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ кашф шуда, наздиктарин сайёра ба замин аст.
Мадори Сайёраи “Тоҷикистон” байни сайёраҳои Миррих ва муштарӣ буда, масофаи он то замин 250 ва то офтоб 463 миллион километрро ташкил медиҳад.
Ба гуфтаи президенти Акдемияи илмҳоиТоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, ин наздиктарин сайёра ба замин буда, дар ҳоли ҳозир олимони тоҷик ба омӯзишӣ хосиятҳои физикиву химиявии он ва ҷараёнҳои дар он баамаломада машғул мебошанд.
Copyright © 2015 TojNews
Назарҳо
Шояд шумо суол ё назаре доред?