Шарҳи Эшони Маҳмудҷон дар бораи табрики соли нав

Эшони Маҳмудҷон, рӯҳонии маъруфи Тоҷикистон табрик кардан дар соли навро аз нигоҳи ислом шарҳ додааст.
Абдурраҳмон, яке аз корбарони сомонаи хонаводагии Тӯраҷонзодаҳо аз Эшони Маҳмудҷони Тӯраҷонзода, рӯҳонии шинохтаи кишвар пурсидааст: Дар Русия кор мекунем, дар идҳоямон русҳо моро табрик мекунанд, мо худ соли навро ҷашн намегирем, оё метавонем русҳоро табрик кунем?
Эшони Маҳмудҷон ба ин корбар чунин посух додааст: Бародари исломи! Мусалмоне, ки дар давлати ғайри мусалмоннишин зидагонӣ мекунад ва бо ғайри мусалмонҳо ҳамсоя ва кору фаъолият дорад, дар ҷавози табрику таҳният гуфтани онҳо ба муносибати иди динияшон олимони ислом ихтилофи назар доранд. Ҷумҳури олимон табрик гуфтани масиҳиро ба муносибати соли нав ҷоиз намедонанд, зеро табрик гуфтан як навъ ташбиҳ башумор меравад ва иқрору ташвиқ ба амали гуноҳ маҳсуб мешавад.
Аммо идае дигар аз олимони Ислом муосир (мисли иттиҳоди олами Ислом) гуфтанд: барои мусалмон, ки дар диёри куфр зиндаги мекунад, ҷоиз аст ҳамсоя ё ҳамкорашро (аз аҳли китоб) ба муносибати иди соли навашон табрик бигуяд. Аммо иштирок кардан бо онҳо дар ин ҷашни соли нави қатъан ҷоиз нест. Ин рухсат дарбаргирандаи мусалмоне, ки дар сарзаминҳои мусалмоннишин зиндагонӣ мекунад, нест”.
Ин масъала нав нест, ҳамасола дар оғози соли нави мелодӣ ба миён меояд.
Copyright © 2014 TojNews
Назарҳо
Шояд шумо суол ё назаре доред?