Шикояти "Нури Ёвар" аз қатъи фаъолияташ дар Фурудгоҳи Душанбе

Ширкати “Нури Ёвар” ин даъфа аз манъи фаъолияти бағоҷпечонияш дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе шикоят кардааст.
Дар мактуби шикоятии 5 корманди ин ширкат, ки ба Прокуратураи генералӣ, Агентии мубориза бо коррупсия ва Президент Эмомалӣ Раҳмон навишта шудаасту дар ихтиёри расонаҳо қарор гирифт, гуфта мешавад, ки роҳбарияти ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе", ки қаблан талоши ғасби таваққуфгоҳи "Нури Ёвар"-ро карда буд, ба бизнеси бағочпечонии ин ширкат монеъ шудааст.
Масъулини ин ширкат дар суҳбат бо TojNews гуфтанд, - бо супориши раҳбари фурудгоҳ муфаттишони Прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон 9-уми июл дастгоҳҳои бағоҷпечонии ин ширкатро тафтиш карда, талаб карданд, ду дастгоҳҳоро аз терминал берун кунанд.
- Ҳамроҳи онҳо, масъулини фурудгоҳ, ҳуқуқшиноси фурудгоҳ ҳам буд. Аммо вақте диданд, ки фаъолияти мо дар асоси шартномаи қонунӣ аст, маъзарат пурсида рафтанд. Аммо баъди рафтан, баъди се рӯз директори генералӣ Исматулло Абдуллозода омад ва баъди чанде қувваи барқро барои ду соат хомӯш карданд.
Соати 10-и шаб вақте ба ҳуқуқшиноси фурудгоҳ муроҷиат кардем, қувваи барқ омад. 14-уми июл шабона хадамоти амнияти фурудгоҳ, аз ҷумла Баҳриддин ва Зокир бо роҳбарии Ҷалолов, сардори хадамоти амнияти дохилии фурудгоҳ, дастгоҳҳои моро хомӯш карданд ва аз терминал берун карданд.
Мо ҳамаи ҳуҷҷатҳоро дорем. Андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмиро месупорем. Аммо чӣ кунем, ки гапи роҳбари фурудгоҳ ҳоло аз қонун дида болотар будааст.”
Негмат Файзуллоев тавассути ширкаташ “Нури ёвар” ҳамчунин як таваққуфгоҳеро дар наздикии фурудгоҳ дар ихтиёр дорад ва чанде пеш шиква карда буд, ки роҳбари фурудгоҳ мехоҳад ин тиҷоратро аз дасти ӯ бигирад ва бо дастури ӯ барои як муддат роҳи равуо ба таваққуфгоҳ баста шуда буд. Иддаое, ки он замон масъулони фурудгоҳ онро рад карда буданд.
Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз суҳбат дар ин бора худдорӣ мекунанд.
Дар таҷҳизоти бағоҷпечонии марбут ба ширкати “Нури ёвар” нӯҳ нафар кор мекардаанд, ки акнун бекор мондаанд. Ин ширкат то ҳол ҳадди ақал се маротиба, аз ҷумла ба Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, барои пешгирӣ аз қатъи фаъолияташ муроҷиат кардааст.
Назарҳо
Шояд шумо суол ё назаре доред?