Журналист Санҷар Ҳошимӣ 15 октябри соли 1990 дар деҳаи Рукнободи шаҳри Панҷекат чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.
Ӯ маълумоти ибтидоиро дар мактаби миёнаи №35 ба номи Бозор Шарифови ҳамин деҳа гирифта, пас аз хатми мактаб барои идомаи таҳсил озими...
Талоши генерал Шарипов барои озодии "Сарвинози одамкуш"
Интишор шуд: 24 августа, 2016 - 14:40

Сардори Сарраёсати ислоҳи ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия хостори аз маҳбас раҳо нагардидани зане шуд, ки барои одамкушӣ 28 сол ҳукм гирифтааст.
Иззатулло Шарипов имрӯз, 24 август зимни баррасии лоиҳаи қонун “Дар бораи афв” дар Маҷлиси намояндагон гуфт, Сарвиноз Раҳматова ба афв ниёз дорад. Ӯ гуфт, ки маҳкумшуда бо иттиҳоми даст доштан дар куштори як хонаводаи тилофурӯшҳо 28 сол равонаи зиндон шудааст, аммо аз ин ҳукм ҳатто як солашро паси сар накардааст ва илова кард: “ҳамин масъала дида шавад, ки агар 25 сол аз ҳукми ӯ кам шавад, муҳлати боқимондаро адо кунад”.
Аммо Шукурҷон Зуҳуров, раиси палатаи поёнии парлумон гуфт, ин пешниҳодро қабул карда наметавонанд. Ба гуфтаи ӯ, ин масъаларо бидуни баррасӣ наметавонанд қабул кунанд. Зуҳуров дар идома назари Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии кишварро пурсид. Оқои Раҳмон гуфт, бо Шермуҳамади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олӣ ин масъаларо ба баррасӣ хоҳанд гирифт.
Маврид ба зикр аст, ки ҳукми Сарвиноз Раҳматова аз сӯи Додгоҳи вилояти Суғд 29 январи соли равон эълон шуд. Додгоҳ он замон Олим Раҳматовро барои як умр равонаи зиндон карда, Адиба Раҳматоваро 30 сол аз озодӣ маҳрум кард. Аҳлиддин Раҳматов, Қиёмиддин Раҳматову Ваҳҳоб Раҳматов 28 солӣ ва Валӣ Раҳматов 7 сол ҳукм гирифтанд. Ин афрод дар қатли хонаводаи соҳибкори тиллофурӯш аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров -Аҳмадхӯҷа Бобоев ва саррофон аз шаҳри Хуҷанд - Бурҳоновҳо муҷрим шинохта шуда, зимни баррасии ин парванда Раҳматова бо номи "Сарвинози одамкуш" машҳур шуд.
Назарҳо
Шояд шумо суол ё назаре доред?