Таронаи зидди ДОИШ-ии Афзалшоҳ Шодиевро дар ТВ “Сафина” "қайчӣ" кардаанд

Оҳанги ҷадиди овозхони маҳбуб Афзалшоҳ Шодиев ба шеъри шоир Озарахшро аз намоиши барномаи шаби шеъри Озарахш дар ТВ “Сафина” “қайчӣ” кардаанд.
Шоми 16-уми март Муассисаи давлатии телевизиони “Сафина” маҳфили шеъри шоир Озарахшро намоиш дод. Аммо дар ин маҳфил таронаи ҷадиди Афзалшоҳ Шодиевро, ки мазмунан алайҳи ДОИШ ва нафрат ба ҷангу хунхорӣ буд, ба намоиши телевизион раҳ надодаанд.
Маҳфили шеъри шоир Озарахш 12-уми март дар толори Филармонияи давлатӣ ба номи Акашариф Ҷӯраев баргузор шуда буд. Афзалшоҳ Шодиев, ки одатан ба фарқ аз дигар овозхонҳо ҳамеша зинда месарояд, таронаеро ба навиштаи Озарахш сароид. Аммо ин тарона ба намоиши телевизион роҳ наёфт.
Дар маҳфили Озарахш Афзалшоҳ Шодиев таронаро аз рӯи китоб месароид ва зоҳиран маълум буд, онро ҳифз накардааст. Оҳанги ҷадид ба матни зерин сароида шудааст:
Ҳодиса ашк мешавад, манзара гиря мекунад,
Фосила оҳ мекашад, хотира гиря мекунад
Вой, ба ин замон чӣ шуд, мулк чӣ шуд, макон чӣ шуд?
Кӯҳнаҷаҳон ба ҳоли худ шашдара гиря мекунад
Кишваракон ба сӯи ҳам тиру гулӯла мезананд,
Қалби замин даридааст, бефара гиря мекунад
Чӯли Ироқ хастаҷон аз хатари самуми ҷанг,
Шаҳри фаранг мотамӣ, пайкара гиря мекунад
Обу ҳавои Суриё ғаркаи хуну нафт шуд,
Мӯъмину кофари бараш яксара гиря мекунад
Ғуссаи Шарқу Ғарб гашт оташи хоки Украин,
Рӯд аланга мезанад, шаршара гиря мекунад
Модари русро чӣ ғам, Маскави синааш бисӯхт,
Кӯдаки курдро кӣ кушт? Анқара гиря мекунад!
Хонаи офият куҷост, дар ҳама даҳр, Озарахш,
Панҷа ба дар, ки мезанӣ, панҷара гиря мекунад…
Сабти ҳаваскоронаи оҳанги мазкурро бо нохун задани ин линк дар Фейсбук тамошо карда метавонед.
Copyright @2016 TojNews
Назарҳо
Шояд шумо суол ё назаре доред?