Таъсиси чор ҷоизаи нав ва як бурсия барои журналистон

Кунгураи урупоии хабарнигорон ва блогнависони тоҷик рӯзи 3 май, дар рӯзи озодии баён дар бораи таъсиси 4 ҷоизаи нави журналистӣ хабар дод, ки ҳар кадом аз 3 то 5 ҳазор сомонӣ подоши нақдӣ доранд.
Ҷоизаи Бунёдгузор ба номи Шириншоҳ Шотемур, ҷоизаи Ҷасорат ба номи Бӯринисо Бердиева, ҷоизаи Садоқат ба номи Шарифамоҳ Кишвардухт ва ҷоизаи Наҷобат ба номи Акбари Саттор номгузорӣ шудаанд.
Ин кунгура, ки моҳи апрели соли 2019 таъсис ёфт, ҳамчунин барои ҷой додани номи 73 рӯзноманигори кушташудаи тоҷикистонӣ дар Нюзеум (Музеи хабару рӯзноманигорӣ дар Вашингтон) бурсияи иборат аз 10 ҳазор сомонӣ таъсис додааст.

Кунгураи урупоии хабарнигорон ва блогнависони тоҷик фарохони ҷоизаҳои хабарнигории худро эълом мекунад.

Ба мақсади ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои рӯзноманигорону блогнависон, беҳбуди вазъи озодии баён, посдошти арзишҳои рӯзноманигорӣ, боло бурдани сатҳи маҳорати ҳирфаӣ, нигаҳдошти ахлоқи рӯзноманигорӣ ва шарофати қаламу озодии баёну матбуот Кунгура чаҳор ҷоизаи зеринро таъсис дод:

1. Бунёдгузор. Барои бунёдгузорони тарҳ ва ниҳодҳои таҳкимбахши озодии баёну андеша. Ҷоиза ба ёди Шириншоҳ Шоҳтемур, ки нишони сарисинагӣ ва баргаи ифтихор дорад;
2. Ҷасорат. Барои мавзеъгирии устувор ва фаъолияти густурда дар заминаи ҳифзи ҳуқуқи башар тақдим мешавад. Ҷоиза ба ёди 
Бӯринисо Бердиева;
3. Садоқат. Барои фаъолияти хосси хабарнигорӣ ва садоқат ба касбу рисолати рӯзноманигорӣ. Ҷоиза ба ёди Шарифамоҳ Кишвардухт;
4. Наҷобат. Ба расонанигорон ва блогнависоне дода мешавад, ки дар лаҳзаҳои ҳассос ва мушкили фаъолият арзишҳои хабарнигорӣ ва хидмат ба ҷомеаро пос медоранд. Ҷоиза ба ёди Акбари Саттор.

Ҳадаф аз эҳдои ин ҷоизаҳо, ки нишон, баргаи ифтихор ва аз 3 то 5 ҳазор подоши нақдӣ доранд, ташвиқу тарғиб ва бузургдошти озодиву ҷасорату падид овардани осори арзишманд аст. Асосномаҳои ин ҷоизаҳо дар матбуот нашр хоҳанд шуд.

Ин ҷоизаҳо як бор дар сол, дар Рӯзи озодии баён тақдим карда хоҳанд шуд. Шаҳрвандон, идораҳои расонаҳои ҳамагонӣ ва созмонҳои иҷтимоъӣ метавонанд номзадҳои худро ҳамасола ҳаддаксар то 20-уми март, дар остонаи ҷашни Наврӯз ба нишонии Кунгура ирсол кунанд.

Мудири иҷроияи Кунгура муваззаф аст, ки арз ва осори ирояшударо ҷамъоварӣ карда, дар ихтиёри ҳайъати доварон қарор бидиҳад, ки аз ҳафт нафар аз чеҳраҳои саршинос бо шумули ду узви раёсати Кунгура иборат аст.

Ҳамчунин Раёсати Кунгура қарор тасвиб кард, ки барои ҷой додани номи 73 тан аз рӯзноманигорони кушташудаи тоҷикистонӣ дар Нюзеум (Музеи хабару рӯзноманигорӣ дар Вашингтон) бурсияи 10 ҳазор сомонӣ таъсис диҳад.

Пажӯҳишгарони масоили расонаҳо, рӯзноманигорон, вебнависҳо ва созмонҳо метавонанд аз ин бурсия баҳра баранд.

Манбаъ: Ахбор.ком

Шояд шумо суол ё назаре доред?