Тиҷорати хориҷии Тоҷикистон 10 % коҳиш ёфт

Тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар се моҳи аввали соли равон қариб 100 миллион доллари ИМА ё 10 % коҳиш ёфтааст.

Масъулини Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар посух ба суоли TojNews мегӯянд,  гардиши тиҷорати хориҷии кишвар дар давоми се моҳи аввали соли равон 869,5 млн долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 96,6 млн. доллар ё 10 % кам аст.

Ба гуфтаи манбаъ, аз маблағи умумии гардиши савдои хорҷиҷӣ 677,3 миллионашро водирот ва 192,2 миллионро содирот ташкил медиҳад. Воридот ва содирот мутаносибан 10 дарсадӣ коҳиш ёфтаанд.

Тоҷикистон дар ин давра, ба хориҷ аз ҳама бештар алюминийи аввалия (28,4%),  нахи пахта (20,3 %), маъдани оҳан ва консентрат (20,1%) ва маҳсулоти меваю сабзавот (1,7%) содир кардааст.

Ба Тоҷикистон асосан мащсулоти нафтӣ (11,%), оҳан ва маҳсулот аз он (9,0%), гандум (7,3%) ва гази моеъ (5,6%) ворид шудааст.  

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?