"Тоҷиксодиротбонк" то 3 моҳ роҳбари нав хоҳад дошт

Бонки миллии Тоҷикистон барои идораи “Тоҷиксодиротбонк” мудирияти муваққатӣ равон карда, Мирзоҳаёт Ёдгоровро роҳбари ин бонк таин кардааст.

Як масъули “Тоҷиксодиротбонк” дар суҳбат ба TojNews гуфт, 18-уми май роҳбарияти мувақатии бонк барои кормандон муаррифӣ гардид.

Ба гуфтаи манбаъ, “таини мудирияти муваққат ба хотири дастгирии бонк ва баровардани он аз буҳрон мебошад. Мирзоҳаёт Ёдгоров ба муҳлати 3 моҳ ҳамчун роҳбари “Тоҷиксодиротбонк” кор мекунад.”  

Мирзоҳаёт Ёдгоров, ки исмаш барои расонаҳо ношинос аст қаблан дар “Амонатбонк” ва Бонки миллии Тоҷикистон кор мекард.

Масъалаи наҷот додани “Тоҷиксодиротбонк” ҳанӯз як моҳ қабл дар мулоқот бо як ҳайати махсуси Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва масъулини Бонки миллии кишвар матраҳ шуда буд. 

Сухангӯи дафтари Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Душанбе Елена Ахмедова, дар робита ба ин масъала ҳамон вақт гуфта буд, ки дар ин мулоқот барномаи нави “Тоҷиксодиротбонк” муаррифӣ шудааст. Гуфта мешуд, ки “Тоҷиксодиротбонк” тасмим дорад, сармоягузорони хориҷиро ба маблағгузорӣ ҷалб намояд.

Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, ки дар Тоҷикистон беш аз 300 милилон евро сармоягузорӣ карда, аз ҷумлаи саҳҳоми чанд бонки дигар дар Тоҷикистон аст, метавонад ба саҳмияҳои “Тоҷиксодиротбонк” низ соҳиб бишавад.

“Тоҷиксодиротбонк” яке аз чор бонки бузурги кишвар аст, ки 20-30 дарсади низоми бонкии кишварро дар даст дорад. Моликони аслии "Тоҷиксодиротбонк" чор ширкат ҶСК “Евразия”, “Мелодиён “ ва “Эҳсон” мебошанд, ки аввали беш аз 58 дарсади саҳмияҳои бонк ва дуи дигар дар алоҳидагӣ 11 фоизи саҳмияҳои бонкро дар ихтиёр доранд. 

Моликони ширкати “Евразия” Тоҷиддин Пирзода ва шахсе бо номи Забҳулло Нурруллоев ҳастанд.

Шояд шумо суол ё назаре доред?