Узви “Гурӯҳи 24”, ки Президентро таҳдид кардааст, 8 сол зиндонӣ шуд

Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе як ҷавони 23-сола, узви созмони мамнуъшудаи “Гурӯҳи 24”-ро барои фаъолияти экстремистӣ ва таҳдиди Президент Эмомалӣ Раҳмон 8 сол равонаи зиндон кард.

Бино ба иттилои як масъули суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ Шамсулло Ҳабибуллоевич Раҳимов, зодаи шаҳри Кӯлоб, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе моҳи августи соли гузашта барои муҳоҷирати корӣ ба Русия рафта, ба “Гурӯҳи 24”пайвастааст. Мақомот мегӯянд, ӯро ба ин созмони мамнуъшуда Суҳроб Тӯраев дар назди масҷиди “Проспект мира”-и шаҳри Маскав ҷалб кардааст.

Дар суд мегӯянд, ки маҳкумшуда бо супориши Шарофиддин Гадоев, раҳбари “Гурӯҳи 24” “як қатор амалҳоро анҷом додааст”.

Мурофиаи ниҳоии суд 13-уми октябри соли равон баргузор шудааст.

Шамсулло Раҳимов “ба паҳн кардани аксҳои бадахлоқона нисбат ба сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон ва раҳбарияти он” машғул шудааст. Шамсулло Раҳимов бо паҳн кардани аксҳову шиорҳои гуногун машғул будааст. Дар суд мегӯянд, ташхис нишон додааст, ки дар аксҳо “даъват ба бертартибиҳои оммавӣ ва таҳдид ба Сарвари давлат дида мешаванд”

Ӯ ин амалро бештар дар давоми моҳҳои сентябр ва октябри соли 2014 кардааст. Дар ин давра фаъолони созмони мамнуъшудаи “Гурӯҳи 24” эълон дошта буданд, ки 10-уми октябри соли 2014 дар Душанбе қасди баргузор кардани митингро доранд.

Маҳкумшуда ба он низ муттаҳам мешавад, ки “дар якчанд гирдиҳамоиҳои ғайриқонунӣ дар назди масҷиди “Проспект мира”-и шаҳри Москваи Федератсияи Русия, барои нооромӣ, дигаркунии сохти Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, баромадхои дигар иштирокчиёни ташкилоти экстремистиро бо шиорпартои дастгири намудааст”.

Дар суд мегӯянд, ки баъди аз ҷониби Суди Олии Тоҷикистон мамнуъ шудани фаъолияти “Гурӯҳи 24” Шамсулло Раҳимов ба кирдорҳои худ идома дода, дар Русия муҳоҷиронро ба сохтани давлати исломӣ даъват кардааст.

Шамсулло Раҳимов иқрор кардааст, ки худро “бо айбҳои эълонкарда қисман гунаҳгор” мешуморад. Дар мурофиа нақл кардааст, ки баъди намоз дар яке аз масҷидҳоро фаъолони гурӯҳи махсус ба номи “Возраждение Таджикистана” ӯро ба ин амал ҷалб кардаанд.

Мақомот мукотибаҳояш ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ бо Шарофиддин Гадоев, раҳбари “Гурӯҳи 24”-ро низ ифшо кардаанд.

Вақте падари маҳкумшуда ба Шамсулло Раҳимов ба воситаи телефон мерасонад, ки мақомот дар Тоҷикистон ӯро ҷустуҷӯ доранд, ба хоҳиши худаш бармегардад.

Ҳамин тавр Шамсулло Раҳимов дар асоси моддаҳои 307 қисми 2 ва дигар моддаҳои Кодекси ҷиноятии ҶТ “барои даъватҳои оммави ҷиҳати бо роҳи зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимияти давлатӣ ё бо роҳи зӯровари нигоҳ доштани он ё бо роҳи зӯровари тағйир додани сохти конститутсионии ё бо роҳи зӯровари вайрон кардани тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, такроран бо истифода аз шабакаи интернетӣ” бо ҳукми суд ҷазои ниҳоӣ 8 (ҳашт) солу 6 (шаш) моҳ маҳрум сохтан аз озодӣ бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи иштирок дар фаъолияти ҳамагуна ҳизбҳо ба мӯҳлати 4 сол бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии низомаш сахт зиндонӣ шудааст.

Қаблан, низ чандин ҷавон бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳи мазкур ва паҳн кардани “ақидаҳои ифротӣ” равонаи зиндон шудаанд.

“Гурӯҳи 24” аз ҳаракатҳои мухолифи Ҳукумати Тоҷикистон, ки аз ҷониби тоҷир Умаралӣ Қувватов созмон ёфтааст, моҳи октябри соли гузашта ба руйхати созмонҳое ворид шуд, ки фаъолияташон дар Тоҷикистон мамнуъ аст. Умаралӣ Қувватов раҳбари ин гурӯҳ моҳи майи соли равон дар Туркия ба қатл расонда шуд. Баъд аз он Шарофиддин Гадоев ҷойгузини ӯ шуд.

Copyright @2015 TojNews

Назарҳо

Вақте падари маҳкумшуда ба Шамсулло Раҳимов ба воситаи телефон мерасонад, ки мақомот дар Тоҷикистон ӯро ҷустуҷӯ доранд, ба хоҳиши худаш бармегардад. Шухи накунед шумо он падари бечораро бе азоб намондаед .
Кани давлати Демокроти, Зиёиён кучоен шумоён?
Зиёиёна монед онхо робот хастанд.

Шояд шумо суол ё назаре доред?