Вазорати корҳои дохилӣ дар Румӣ ва Данғара говдуздиро ошкор кард

Як сокини 24-солаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба иттиҳоми говдуздӣ боздошт шудааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон номбурда ба дуздии чорвои сокини 63-солаи ҳамин ноҳия муттаҳам мешавад.
Манбаъ мегӯяд ду гови ин мард рӯзи 19-уми сентябр гум шудакаст ва гуфтааст, ки арзиши онҳо баробар ба 5000 сомонӣ буд.
Ҳангоми боздошт аз гумонбар 2000 сомонӣ чун далели шайъӣ мусодира шудааст.
Тибқи хабари дигар ҷавони 21-сола, сокини ноҳияи Данғара ба гумони дуздии гови сокини 65-солаи ҳамин ноҳия боздошт шудааст.
Соҳиби гов гуфтааст, ки чорвои ӯ 3200 сомонӣ арзиш дошт. Аз рӯйи ин ҳодисаҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.
Шояд шумо суол ё назаре доред?