Вазорати молия аз ӯҳдаи иҷрои баланд бардоштани маоши кормандони буҷавӣ набаромад

Вазорати молияи Тоҷикистон аз ӯҳдаи иҷрои супориши Президент дар бораи зиёд кардани маоши кормандони соҳаи буҷавӣ, идрорпулии донишҷӯён ва нафақапулӣ набаромад.
26-уми октябр Абдусалом Қурбониён, вазири молияи Тоҷикистон зимни муҳокимаи парламентии иҷрои буҷаи кишвар дар 9 моҳи соли равон гуфт, ки баланд бардоштани маоши кормандони соҳаи буҷавӣ то муддати номуайян ба таваққуф гузошта шудааст.
Сабаби ба таъхир гузоштани боло бурдани маоши кормандони соҳаи буҷавиро вазири молия дар бад шудани вазъи молиявӣ ва иқтисодии кишварҳои шарики Тоҷикистон медонад.
Моҳи январи соли равон Президент Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонааш ба Маҷлиси Олӣ ваъда дода буд, ки аз моҳи сентябри соли равон маоши кормандони соҳаи буҷавӣ аз 15 то 25 дарсад зиёд карда мешавад.
Ба гуфтаи Президент, бояд маоши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 15%, маоши кормандони соҳаи иҷтимоӣ аз ҷумла маорифу тандурустӣ, варзиш 20% ва кормандони хона-интернату истироҳатгоҳҳои давлатӣ то 25% бештар мешуд. Инчунин, бояд нафақа то 20% ва идрорпулии донишҷӯён то 30% баланд бардошта мегардид.
Тавре пешбинӣ мешуд, барои амалӣ намудани ин тадбир бояд аз буҷа 1 миллиарду 320 миллион сомонӣ ҷудо мекарданд.
Ин тасмимро кормандони соҳаи буҷавӣ гарм истиқбол карданд, аммо вазорати молия аз ӯҳдаи иҷрои он набаромад. Қабл, аз моҳи сентябр вазорати молия эълон кард, ки дар робита бо буҳрони молиявӣ даромади буҷа коҳиш ёфта, ҳатто пешбинӣ мешавад, ки аз меъёри боло бурдани маоши кормандон 5% кам мекунанд. Он вақт баланд бардоштани маошро то моҳи ноябр ба таъхир гузошта буданд.
Охирон бор моҳи сентябри соли 2013 ҳадди ақали музди меҳнат дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёти кишвар 25 фоиз зиёд карда шуда буд.
Copyright @2015 TojNews
Назарҳо
Шояд шумо суол ё назаре доред?