Вазорати рушди иқтисод пешбинӣ кардааст, ки нерӯи барқ 12% гарон мешавад

Эҳтимол то охири соли равон нархи нерӯи барқ барои истифодабарандагон дар Тоҷикистон то 12% боло равад.

Вазорати рушди иқтисод ва савдо пешбинӣ кардааст, ки дар дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии кишвар барои солҳои 2015-2016 нархи нерӯи барқ дар Тоҷикистон то охири соли равон то 12% боло рафта, 14 дирам барои 1 кВт/соатро ташкил хоҳад дод.

Тибқи дурнамои мазкур дар соли 2016 низ раванди болоравии нархи нерӯи барқ идома ёфта, нархи 1 кВт/соат то 6,8% зиёд мешавад. Ба ин тартиб нархи истифодаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар соли равон 12% ва дар соли 2016 - 6,8% баланд хоҳад шуд.

Аммо масъулини Ширкати “Барқи тоҷик” мегӯянд, тасмими боло бурдани нархи нерӯи барқро надоранд, масъалаи баланд кардани нархи истифодаи нерӯи барқ дар ин ниҳод барои соли 2015 ҳоло баррасӣ нашудааст.

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи Барқи тоҷик дар сӯҳбат ба TojNews гуфт, баланд кардани нархи нерӯи барқ танҳо бо розигии Хадамоти зидиинҳисорӣ сурат мегирад ва баланд кардани нархи нерӯи барқ барои соли равон ҳоло дар назар гирифта нашудааст.

Бори ахир нархи тарифҳои барқ як сол пеш 1-уми июли соли гузашта то 15%  гарон  ва нархи 1 кВт/соат нерӯи барқ барои аҳолӣ аз 11 дирам то 12,6 дирам баланд шуда буд.

Copyright © 2015 TojNews

Назарҳо

Ба фикрам дар Арманистон 16% барк гарон шуда буд, ки мардум норизогй карданд...
Майдан аз Ереван ба Точикистон Мегузарад....????
Эээ брат и точико хамаш челтенмен гаштагияан дига парвои кимати надоран. Як лозунг доран МОЯ ХАТА С КРАЙЯ!!!!!!!
In yak zulm ast zulm magar bo in tavr pesh meravem millatro namemoned oromtar nafas kashad!! Harsol chand foizi inu onro qimat mekuned! Sharm kuned zulm nakuned zero zulm torikihoi qiyomat ast !!!
аз ин хукуматдорони имруза хар чизро чашмдор шудан мумкин.. барои онки чайби мардуми бечора ягона манбае хаст ки хукумат аз он истифода мебарад . аввалаш тарозуи роххо дуввумаш 80дирам аз хисоби муштариени мобили севумаш барк чорумаш чи бошад.......???
Сад нависем хеч пешрави нест сивети 24 соата 2 соатаа шуд нархи сивет зиёд мешад нанай нанай най.

Шояд шумо суол ё назаре доред?