Вокуниши рӯзноманигор Зафари Суфӣ ба матлаби интиқодии доктор Ҳафиз Бобоёров

Зафари Суфӣ

Рӯзноманигор ва шоъир Зафари Суфӣ ба матлаби интиқодии доктор Ҳафиз Бобоёров вокуниш нишон додааст. Чун "Тоҷнюс" матлаби Бобоёровро ба нашр расонид, салоҳ донистем вокуниш ба онро ҳам пешкаши хонандаи гиромӣ гардонем.  Матлаби мазкур "Таҳаммулгароӣ ё сулуке дар марзи нафрат ё қаламрави муҳаббат?" ном дорад, ки бидуни таҳрир нашр мешавад.

Нафрат ҳеч гоҳ неруи созанда набудаву нахоҳад буд. То замоне ҳар як аз аъзои ҷомеаи тоҷик ба ҳамдигар аз дидгоҳи нафрат менигарад ва дар муносибат бо ҳам мавқеъи сиёсиву иҷтимоиро дар авлавият қарор медиҳад, дидгоҳи худро ҳақиқати мутлақ мепиндорад, ба хотири манфиати шахсӣ ва гурӯҳӣ алайҳи ҳамтабори худ метозад, сухан кутоҳ ба нерӯи сӯзандаи нафрат такя мекунад, мо ба осоиш, оромиш, озодӣ, ободӣ, рушди собит ва ваҳдати миллӣ даст нахоҳем ёфт.

 Агар воқеан дилсӯзи миллатем ва иддаои ватандӯстӣ, инсонгароӣ ва мардумсолориямон фақат барои пинҳон кардани ҳадафҳову ғаразҳои шахсиямон набошад, пас, бояд ба ҳамдигар аз дидгоҳи муҳаббат ва меҳр бингарем. Албатта ин ба он маъно нест, ки аз норасоиву иштибоҳи ҳамдигар чашм бипӯшем, балки онро бигӯем ва бо лаҳни беғараз, дӯстона ва ба хотири ислоҳ бигӯем. Ҳукм содир карданҳо ва он ҳам бар пояи эҳсос ва ё ғараз ба ҳеч ваҷҳ боиси ислоҳ нахоҳад шуд. Ҳеч кадом аз мо ҷовидон нест ва ҳеч мансабу мақом арзиши болотар аз муҳаббат ва эҳтиром ба ҳамтаборон ва дар кул ба инсонҳоро надошту надорад.

Нисбат ба ҳам нигоҳи бадхоҳона ва нобоваронаву гоҳе хасмона доштани ҳамтаборон барои ман ҳамеша мояи нигаронӣ ва озори хотир будаву ҳаст. Мутаассифона гоҳе кор ба ҳадде мерасад, ки ҳатто аз навиштае сифатомез дар бораи як тоҷик нороҳат мешавем ва мехоҳем онро зери суол барем.

Чаро мо ҳамтабору ҳамватани худро бар асоси навиштаву арзёбии хориҷиҳо бояд бишносем? Ниҳоди ҷосусусие дар бораи як тоҷик чи мегӯяд оё ин қадар барои мо муҳим ва манбаъи қобили эътимод аст? Магар мо аз ин гуна иттиҳомоте, ки ниҳодҳои амниятии кишвари худамон бар дигарандешон мебандад, хабар надорем? Ин ҳам дар ҳоле, ки маълум нест чи касе ё касоне ин иттиҳомро дар мавриди шодравон Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ба ин созмони ҷосусӣ расондааст. Агар як зарра имкони собит кардани ин иттиҳом вуҷуд медошт, мутмаинан он бегонаҳо фурӯгузор намекарданд ва ниҳодҳои ҳукумати кишвар низ ба ҳеч ваҷҳ ин фурсатро аз даст намедоданд. Вақте далеле нест, мадраке вуҷуд надорад, иддао дар ҳадди иттиҳоми беасос хоҳад монд ва туҳмате беш нест.

Ё агар якеро гӯянд, ки инглисӣ медонад ва пойбанд ба арзишҳои либералӣ аст, чаро ҳатмист, ки онро зери суол бибарем? Инглисиро донистани Кабирӣ чизе пинхонӣ нест. Воқеан борҳо дидаем, ки бо забони инглисӣ ва арабӣ роҳат сӯҳбат мекунад. Дар кадом сатҳ забони форсиро медонад аз суханронӣ ва навиштаҳояш мешавад баҳогузорӣ кард.
Дар мавриди вафодорияш ба арзишҳои лебералӣ ҳам шояд муаллифи мақола бар пояи суханрониҳо ва изҳороту мусоҳибаҳои Кабирӣ ин сифатро ба ӯ нисбат додааст?! Кабирӣ расман дар ҳеч куҷое сухани ифротӣ ва мухолифи либерализм нагуфтааст. Дар байни аъзои тундрави ҲНИТ ба хотири ин мавзеъгирияш ҳамеша мавриди накӯҳиш қарор доштаву қарор дорад.

Аз сӯи дигар шояд барои инкори ин нуктаи мақола далеле дар ихтиёри Ҳафизи гиромӣ бошад. Яъне дар ҷое аз суханронӣ ё изҳорот ё мусоҳибааш Кабирӣ дидгоҳи вопасгаро ва ифротиву тундравона доштааст. Агар ҳаст бояд ироа мешуд, зеро дар ғайри ин сурат ҳама гуна наавишта назарияпардозӣ ва арзёби якҷониба ва муғризонаву бидуни далел маҳсуб хоҳад шуд.

Ман ба бебокии Ҳафиз Бобоёров, ба зеҳни пӯёи ӯ ва ба якравии олимонааш самимона эҳтиром қоилам. Гузашта аз ин ӯро як тоҷики пажуҳишгар, худшинос ва огоҳ мешиносам ва ин амр эҳтиромамро ба ӯ меафзояд. Ҳафиз он тур, ки худаш ҳам боре чанд таъкид дошт, душмани ислом нест. Ӯ мухолифи ба истилоҳ исломи сиёсист, яъне ба сиёсат сари кор доштани исломро намепазирад. Аммо дар баробари ӯ як тоҷики мусалмон метавонад бигӯяд, ки ислом дар тамоми шуъуноти зиндагӣ ва ҳама бахши рӯзгори тоҷики мусалмон ва ҷомеаи мусалмонҳо асар гузошта ва таъинкунандаи аслии фарҳангу аксари одоту суннати мардуми мусалмони тоҷик аст. Ин ду назар то замоне ҳамдигарро таҳқир накарданд ва боиси ихтилофу душманӣ нашуданд, қобили эҳтиром аст.

Пас, набояд аз ин ҳад бигзарад ва заминасози нафрат гардад. Албатта ҳар шахс бо таваҷҷӯҳ ба ҷаҳонбинӣ ва эътиқоду бовари худ назари ин ё он тарафро ҷонибдорӣ мекунад. Таври мисол бо камоли эҳтироме, ки ба донишу шахсияти Ҳафизи арҷманд дорам, банда ба сифати як мусалмон навиштаҳои ӯ дар мавриди исломро метавонам напазирам. Зеро ӯ ба ислом муътақид нест, Қуръонро намедонад, тафсир нахондааст. Яъне дар улуми исломӣ салоҳияти коршиносона ибрози назар карданро надорад. Аммо ба ҳеч ваҷҳ на ман, на ҳар мусалмони дигар ҳақ надорад ӯро аз ибрози назар манъ кунад. Ҳамчунин ҳеч кас ҳам аз вокуниш дар баробари назараш масуният надорад ва агар касе дар чорчӯби ахлоқ вокуниш кард набояд нороҳат шавад. Албатта, он гуна ки дар боло зикр шуд, агар ҳадафи баҳс ислоҳ бошад, ин қоида сидқ мекунад. Баҳсҳои ғаразолуд ва бар мабнои худнамоиву манфиатҳои шахсӣ аз ин қоида мустасност. 

Вақте ишораи Ҳафизро ба илмӣ будани матлаби таҳқиқоти журналистӣ "OCCRР: Ғуруби наҳзати исломии Тоҷикистон" хондам, бароям боварнакарданӣ буд. Ҳафиз беҳтар аз ман медонад, ки таҳқиқоти журналистӣ матлаби илмӣ нест. Гузашта аз ин мақоми илмӣ доштани кадом расона ҳам барояш маълум аст ва сомонаи Озодӣ дар қатори расонаҳои илмӣ нест, ки инро ҳам медонад. Пас, чаро ин гуна навишта? Шояд шитобкорист ё ҷӯши эҳсос барояш имкон надода, ки ин ҷиҳати қазияро ба ёд орад? Намедонам. (Шояд ин мавсъала муҳим ҳам набошад, аммо барои вуруд ба баҳси Озодӣ дар зеҳнам омад.) 

Масъалаи дигар, ки нишони беъэтимодӣ ва дидгоҳи шакбарангез ва нафратомез ба ҳам миёни мо –тоҷиконро ба намоиш мегузорад, ин таваққуъ доштан ба нашри навиштаи Ҳафизи гиромӣ дар Озодӣ буд. Ҳарчанд навиштаи Ҳафиз ҷавоб ба як матлаби дар Озодӣ нашршуда ҳам бошад, вақте ба унвони идораи Озодӣ ин навиштаро нафиристад, Озодӣ ҳеч масъулияте барои нашри он надорад. Гузашта аз ин забони матлаби дар Озодӣ нашршуда русӣ буд ва мантиқан ҷавоб ҳам бояд ё бо ин забон мебуд ё он таҳқиқоти журналистӣ ба забони тоҷикон баргардон мешуд, то мухотабоне, ки русӣ намедонанд, ё ин мақоларо нахонданд, аз асли қазия огоҳ шаванд. Бо ин ҳама аҳсант ба Салими Аюбзод, ки иҷозаи нашри навиштаи Ҳафиз Бобоёровро дода ва гузашта аз ин дар зери ин матлаб нишонии мақолаеро, ки вокуниши Ҳафиз ба он буд, зикр кардааст, то хонанда аз асли қазия огоҳ гардад. 

Ҳамин ҷо месазад чанд сухан аз фаъолияти Озодӣ баъди мудир шудани Аюбзод арз кунам. Инсофан Озодӣ рисолати худро дорад хуб анҷом медиҳад ва агар чунин идома пайдо кунад дур нест он рӯз, ки бо ин ривол расонаи рақами аввал, асаргузор ва беғаразу ҳирфаӣ дар фазои иттилоотии Тоҷикистон гардад. Албатта ҳанӯз хеле талош мебояд то ба манзили мурод бирасанд ва камбудиҳоро бартараф созанд. Аммо ҳамин ки фейкҳои ҳукумати алайҳи Озодӣ басич шудаанд, худ нишонгари он аст, ки роҳи интихобшуда дуруст буда ва гузоришу матолиб асаргузору нишонрасанд. Ҳам дар шакли ироаи матлаб ва ҳам дар интихоби мавзӯъҳо, ҳам ташкил ва тақвияти рубрикаҳои нав ва мавҷуд, риояи асли беғаразӣ ва иттилоърасонии бетарафона дар фаъолияти Озодӣ пас аз мудир шудани Аюбзод мушоҳида мешавад, ки ба унвони як хонанда маро хушҳол мекунад ва ҷо дорад сипосгузорӣ ҳам бикунам.

Мавқеъи расмии як ҳизбро бар асоси оинномаву изҳороту баёнияву эъломияҳояш баҳогузорӣ мекунанд. Агар як ё чанд нафар аз аъзои Ҳизби наҳзати исломӣ ва ё ҳар гурӯҳи дигар дар суҳбатҳои хусусӣ ё дар баҳсҳои хусусӣ назари ифротгароёна баён кунад ва ё аз дидгоҳи хатои идеоложии худ ҳуқуқи касеро нодида гирад ва ё касеро таҳқир кунад, оё мо ҳақ дорем онро ҳамчун дидгоҳи ҳизб ва ҳамаи аъзои он талаққӣ кунему дар бораи ин ҳизб натиҷагирӣ намоем? Ривол ин аст, ки асосан фақат раиси ҳизб ва сухангӯи ҳизб метавонанд мавқеъи расмии ҳизбро баён кунад. Дигар ҳама гуна изҳори назарҳо то ба шакли санади расмие, ки ифодагари мавқеи ҳизб аст, сабт нагардад, изҳори назари шахсии як узви ҳизб асту бас. 

Гузашта аз ин ҳама аъзои ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъи ҲНИТ тоҷик ва шаҳрванди Тоҷикистон ҳастанд ё не? Агар даъвати ошкор ба амали терористӣ накардаанд, агар ба таври ошкору расмӣ касеро таҳқир накардаанд, агар баёнияву эъломияҳо ва амалҳояшон бар зидди ҳуқуқи башар ва озодиҳои маданӣ набошад, оё мо бар чи асос ва бар чи иллату бар пояи кадом меъёр онҳоро маҳкум мекунем? Беш аз ин чаро мо бояд аз даричаи танги нафрат ва бар пояи пешдоварӣ, хӯрдагирона ва аҳёнан бадхоҳона ба ҳар амали ин ҳизб ва ҳар навиштае дар бораи фаъолияти он бинигарем ва мавзеъи душманона дошта бошем? Билахира бо ҳама хатову иштибоҳаш имрӯз танҳо нерӯи мунсаҷим дар баробари ҳукумати фасодзада, диктотурӣ, хонаводагӣ ва саркӯбгар ҳамин ҲНИТ ва ҳампаймонҳояш дар Паймони миллии Тоҷикистон ва Гурӯҳи 24 аст, ки садо баланд мекунанд ва эътирози аъзо ва ҷонибдорони ин ниҳодҳо ва қишре аз ҷомеаи Тоҷикистонро баён медоранд. 

Бархе созмонҳое, ки чанд сол пеш хеле фаъол буданд, мисли Ватандор бо раҳбарии рӯзноманигори шинохта Додоҷон Атовуллоев, ҳоло дигар фаъолияти мунсаҷимашон барои мардум ошкор нест ва хабаре аз баргузории ҷаласаву ҳамоишҳояш намехонем. Шояд баргузор мешавад, аммо расонаӣ не. Албатта афроди алоҳидда низ ҳастанд, ки мисли ҳамин Ҳафизи азиз, дидгоҳи худро баён медоранд. Онҳо ба ҳайси як шахсият мавзеъгирӣ доранд. 
Дар ин миён бо иддаои мухолифи сиёсати саркӯбгар, зиддимиллӣ, диктотурӣ ва хонаводагии ҳукумати Тоҷикистон будан бар алайҳи ҳизб, гурӯҳ, ниҳод ва афроде, ки алайҳи ин ҳукумат дар ҳадди тавону зарфияташ мубориза мебарад, шамшери нафрат тез кардан амале хеле мантиқӣ ба назар намерасад. Ҳоло агар як пажуҳишгар ё як рӯзноманигор таҳқиқоте анҷом медиҳад ва бидуни ғараз ва пешдоварӣ норасоиҳо ва иштибоҳоти ин ё он ҳизбу гурӯҳро бо мисолҳои мушаххас нишон медиҳад коре воқеан савоб ва созанда хоҳад буд. Табиист, ки аъзои он ҳизбу гурӯҳ ҳам ба ин пажуҳишгар ё рӯзноманигор набояд аз дидгоҳи нафрату душманӣ бархурд кунанд. 

Пурвозеҳ аст, ки на Наҳзат ва на Гурӯҳи 24, на дигар созмону гурӯҳҳои мухолиф ва на ҳукумат дар алоҳидагӣ ифодагари ҳамаи хостаҳо ва ормонҳои ҳамаи ҷомеаи Тоҷикистон набуду нест. Ба ҳар ҳизбу гурӯҳи сиёсӣ агар дар сари қудрат бошад бар мабнои амалҳояш нисбат ба ҷомеаи он кишвар ва ба аҳзобу гурӯҳҳои сиёсӣ, ки сари қудрат наомадаанд бар асоси изҳорот ва баёнияҳояшон нисбат ба авзоъи кишвар ва вокунишашон ба амалкарди ҳукумат баҳогузорӣ мешавад.
Агар қарор бар ин аст, ки бо бадном кардани яке он дигаре дар паи касби обрӯ бошад ва ривол ин шавад, ки мухолифин бо ҳам душманӣ варзанд, ҳатман ба ҷое нахоҳанд расид. Агар насли миёнсолу солхурдаи сиёсатмадорони мухолиф, ки ҳоло дар саҳни майдон ҳастанд, бар алайҳи ҳам пайваста мавзеъгирии хашмона дошта бошанд, баъид медонам кори муассире дар ростои тағйир анҷом диҳанд. Нерӯи онҳо барои тохтан алайҳи ҳам ва аҳёнан дифоъ аз ин тохтанҳо сарф мешавад. Ҳукумат, ки боястӣ инҳо алайҳаш амалан коре бо ҳам анҷом медоданд, аз ин ихтилофи байни неруҳои мухолиф ба ҳадди лозим ва наҳви аҳсан дорад баҳрабардорӣ мекунад. Чи басо аз эҳтимол дур нест, ки худ аз роҳҳое ин ихтилофро тақвият мебахшад ва фосилаву ҷудоиро байни неруҳои мухолифаш бештару жарфтар месозад. Пас, ҳамаи гурӯҳу ҳизбу афроди мухолифи ҳукумати диктотуриро лозим аст, ки агар бо ҳам нестанд, ҳадди ақалл муқобили ҳам, душмани ҳам набошанд ва ҳамдигарро таҳаммул кардан, дар лаҳзаи зарур ба хотири аҳдофи бузург аз ҳадафҳои кучак ва ба хотири манфиати миллӣ аз манофеъи гурӯҳӣ ё шахсӣ сарфи назар карданро биомӯзанд.

Вале як назари сирф шахсиямро низ дар поён баён медорам. Ман ба тавони гурӯҳҳои мухолиф барои таи як-ду сол анҷом додани тағйири амалӣ хушбин нестам. Аммо умедворам заминасози тағйир бошанд. Насли наве дар ҳоли қадам ниҳодан ба майдони сиёсат аст. Насли таҳсилкарда. Шахсан даҳҳо танро мешиносам, ки ҳанӯз зери 30 сол син доранду дар донишгоҳҳои муътабар дар кишварҳои урупоӣ, Русия ва чанд кишвари осиёӣ мехонанд ё фориғуттаҳсил шудаанд. Онҳо неъмати кишвари мо, ояндасозони воқеъӣ ҳастанд. Ҷавонҳои огоҳ, кордон ва бо диди наву идеяҳои нав ва ҳамзамон инсонҳое, ки ҳуқуқи башар ва озодии андешаву ақидаву баён ва озодиҳои маданиву иқтисодӣ барояшон арзиш ва усули зиндагӣ аст.
Инҳое, ки имрӯз дар майдонанд, агар заминаи ба майдон омадани он ҷавонон ва наслҳои баъдиро фароҳам созанд, хидмати беназир ба миллату меҳан анҷом додаанд. Мутмаинам онҳо ба хотири ихтилофхои шахсӣ ва гоҳе барои ҷойгоҳу мавқеъи иҷтимоиву сиёсӣ алайҳи ҳам пиндору гуфтору кирдори дур аз рахм ва оини риояи ҳамтаборӣ анҷом нахоҳанд дод.

Шояд шумо суол ё назаре доред?