Январи 2016 гармтарин моҳ дар зарфи 135 соли охир арзёбӣ шуд

Иқлимшиносон аз лоиҳаи байналмилалии Climate Central гуфтаанд, ки моҳи январи соли ҷорӣ дар 135 соли охир гармтарин моҳи зимистон будааст.
Ҳарорати миёниаи моҳи январи соли равон дар олам аз 1,13 дараҷаи поин нашудааст.
Соли гузашта тибқи арзёбиҳои гуногун аз Созмони ҷаҳонии ҳавошиносӣ, Созмони миллии ҳавонавардӣ ва фазоӣ (НАСА) то Росгидромет ҳар моҳи сол дар қиёс ба моҳҳои солҳои пеш дар гармӣ рекорд мегузошт, ҳар моҳ аз моҳҳои солиёни гузашта ҳаддиақал 0,5-1 дараҷа гармтар буд.
Ҳавошиносони лоиҳаи Climate Centra навиштаанд, ки соли 2016 ин тамоилро идома дод ва моҳи сипаришуда дар таърихи ҳавошиносии олам гармтарин моҳ ҳисобида шуд. Ин аст, ки чорумин моҳ ҳарорати ҳаво дар Сайёра болотар аз меъёрҳои маъмулист.
Харитаи НАСА нишон додааст, ки гармо амалан ҳамаи нукоти Сайёрарор фаро гирифт, бахусус ин гармшавӣ дар қутби шимолии Амрикои Шимолӣ ва минтақаи Авруосиё, ки ҳарорат аз 4 то 12 дараҷаро ташкил медод, эҳсосшаванда буд.
Дар минтақаи Осиёи Марказӣ низ ҳавои гарм назар ба дигар нукот бештар ҳисс шуд.
Дар моҳи январи соли равон майдони пиряхҳо коҳиш ёфтанд ва бино ба гузориши ҳавошиносон дар моҳи феврал ҳам меъёри гармӣ ба ҳадди рекордӣ дар қиёс ба солҳои пеш хоҳад буд. Ва ин сабаб мешавад, ки пиряхҳо бештар об шаванд ва дар аввали баҳор хавфи бештари обхезиҳо вуҷуд дорад.
То ҳол олимон дар пажуҳишҳои худ сабабҳои аслии ин гармшавии сартосарӣ дар оламро пайдо накардаанд. Иддае онро партов шудани газҳои гулхонаӣ медонанд.
Бино ба арзёбиҳои то ҳол расонаишуда имсол ҳатто дар қиёс ба соли 2015 гармтар хоҳад буд. Агар чунин аст, пас башар рӯ ба рӯ ба як тағйироти куллии таҳаммули гармои шадид қарор дорад. Ва ду сол пайи ҳам омадани гармои тоқатшиканро таҳлилгарон фоли нек намедонанд.
Copyright @2016 TojNews
Назарҳо
Шояд шумо суол ё назаре доред?